ДАР МУҲИТИ ОБОДУ ЗЕБО ЗИСТАН БАХТИ БУЗУРГ

Соли 1941 баъди ҳуҷуми аҳдшиканонаи немисҳо ба Иттифоқи Шӯравӣ дар қатори дигарон мардони деҳаи Нанайи вилояти Тошканд низ ба ҷанги хонумонсӯз сафарбар гардиданд.

Ҳазорон нафар аз падару модар, аз ҳалқаи фарзандон, аз оғӯши ёри вафодори худ маҳрум монданд. Аз сафарбаршудагон зиёда аз даҳҳо нафар шаҳид шудаанд. Онҳое, ки аз ҷанг маҷрӯҳ шуда баргаштанд, дар  ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагӣ меҳнат кардаанд. Ҳоло аз байни иштирокчиёни ҷанг, ки сиҳату солим баргашта буданд, танҳо Абдураҳим Зиёдов дар қайди ҳаёт мебошад, ки дар хонаи рақами 338-уми Шоҳкӯчаи деҳаи Нанай умр ба сар мебарад.
Абдураҳим Зиёдов барои аз фашистон озод кардани Ватан то шаҳрҳои Прага ва Берлин рафт ва мардонавор ҷангид. Фашистони немис нафақат биноҳои истиқоматӣ, балки роҳҳоро низ ба вайрона табдил медоданд.
Солҳои ҷанг Абдураҳим Зиёдов борҳо бо марг рӯ ба рӯ шуд. Тири душманро чап медод.  Ӯ пас аз Ғалаба соли 1946-ум ба хона баргашт.
Баъди ҷанг умри дубораи Абдураҳим Зиёдов оғоз ёфт. Ӯ бо касби дӯстдоштааш – ронандагӣ то синни 65 машғул гардидааст.
Аз Ҷанги дуюми ҷаҳон зиёда аз 75-сол гузашта бошад ҳам, ӯ ҳамсафони ҷавонмаргшудаашро ҳанӯз ба ёд меорад, охир онҳо низ барои шаҳди ғалабаро чашидани ӯ ва ҳамяроқони дигараш саҳм гузошта буданд.
Мӯйсафеди бадавлат ҳоло дар синни 96, соҳиби беш аз 50 нафар набера, абераю чабераҳо аст. Дар бораи ин рӯзҳои осуда, фаровон ва ғамхориҳои ба кӯҳансолон нигарондашуда бо ҳаяҷон мегӯяд:
– Мо он рӯзҳои мудҳишро дидем, шумо асло набинед. Шукри Худо, дидани ин рӯзҳои нек насиб кард. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар кишвари мо осудагиву хотирҷамъӣ ҳукмрон аст. Эътибору ғамхориҳое, ки ба мо кӯҳансолон нишон дода мешавад, ҳудуд надорад.  Ҳар сол дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр бо фармони Президентамон кумаки моддӣ расонда мешавад. Дар чунин муҳити ободу зебо зистан бахти бузург аст.
Оре, ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас аст. Ҳаёти иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардонагии онҳо ба ҷавонони имрӯз дарси ибрат аст.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».
Дар сурат: иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Абдураҳим Зиёдов бо писараш Ӯткур.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: