Дар музоядаҳои биржа нархи орд поин меравад

Дар давраи гузашта 44 корхонаи ҶС «Ӯздонмаҳсулот» 45,0 ҳазор тонна орди навъи 1-ро ба фурӯш гузоштааст, ки 43,8 ҳазор тонна ё 97 фоизи он фурӯхта шудааст.

Дар ин бора сардори хадамоти иттилоотии Биржаи ашёи мол ва ашёи хоми ҷумҳурӣ Ҳикматулло Тилабоев  дар брифинги АИКО хабар дод.

Аз рӯи ҷамъбасти музоядаҳо нархи миёнаи орди навъи 1 барои як тоннаи маҳсулот 4 549,3 ҳазор сӯмро ташкил дод.

Дар натиҷаи дар музоядаҳои кушоди биржа фурӯхтани орд ва зиёд шудани таклиф дар бозор арзиши як халта орд дар бозорҳои ғайрибиржавӣ нисбат ба моҳи май ба ҳисоби миёна аз 270-290 ҳазор сӯм то 240-260 ҳазор сӯм арзон шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: