ДАР НАМАНГОН БО ҲАМКОРИИ ОЛМОН КОРХОНАИ БУЗУРГ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

  • ДАР НАМАНГОН БО ҲАМКОРИИ ОЛМОН КОРХОНАИ БУЗУРГ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД
  • ДАР НАМАНГОН БО ҲАМКОРИИ ОЛМОН КОРХОНАИ БУЗУРГ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД
  • ДАР НАМАНГОН БО ҲАМКОРИИ ОЛМОН КОРХОНАИ БУЗУРГ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Fazman Textile» дар ҳамкорӣ бо ширкати дар ҷаҳон машҳури олмонии Hugo Boss дар ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон навбати аввали корхонаи истеҳсоли маҳсулоти бофандагиеро, ки ба меъёрҳои аврупоӣ ҷавобгӯ мебошад, ба истифода супурд.

Дар чорабинии мутантане, ки вобаста ба он баргузор шуд, меҳнат ва комёбиҳои назарраси соҳибкорон, ки аз муҳити тиҷоратии дар кишвари мо бамиёномада самарабахш истифода мебаранд, таъкид гардид. Ба намояндагони ширкатҳои «Карл Гросс»-и Олмон, «Демарк» ва «Роялсприд»-и Федератсияи Русия, ки дар вилояти Намангон сармояҳои зиёд мегузоранд, миннатдорӣ изҳор шуд.
Солҳои охир ба ҷалби бевоситаи сармояҳои хориҷӣ ва рушди муносибатҳои кооператсионӣ бо тоҷирони кишварҳои хориҷӣ ба истеҳсоли маҳсулоти мувофиқи талаботи ҷаҳонӣ эътибори махсус дода мешавад.
Дар натиҷаи фароҳам овардани муҳити мусоиди тиҷоратӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ҳоли ҳозир дар минтақа маҳсулоти тайёри бофандагӣ дар ҳамкорӣ бо як қатор ширкатҳо, аз ҷумла LCWaikiki (Туркия), Baldessarini (Олмон) ва Zara (Испания) истеҳсол карда мешаванд. Аз ҷумла, аз ҳисоби пурра татбиқ сохтани лоиҳаи арзишаш 40 миллион долларинаи ИМА аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Fazman Textile» дар ҳамкорӣ бо ширкати дар ҷаҳон машҳури Hugo Boss 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил хоҳанд шуд. Дар давраи ибтидоии лоиҳа 20 миллион доллар харҷ шуд, тақрибан ҳазор ҷойи корӣ ба миён омад. Шоистаи таъкид аст, ки барои кори самарабахш ва муттасили корхонаи бузурги нав таҷҳизоти замонавӣ аз Олмон ва Туркия овардаву устувор карда шуданд.
– Иқтидори истеҳсолии корхонаи мо соле истихроҷи 1 миллион адад маҳсулоти тайёрро ташкил мекунад, ҳаҷми солонаи содирот то ба 15 миллион доллар мерасад, – мегӯяд муассиси корхона Неъматҷон Фатҳиддинов. – Истеҳсоли костюмҳо, шимҳо, сару либосҳои мардона, занона ва кӯдаконаро ба нақша гирифтаем. Пештар корхонаи бузурге, ки он ҷо дар як замон 500 ё худ 1000 нафар кор кунанд, мавҷуд набуд. Инак, чунин корхона ба истифода супурда шуд.
Дар натиҷаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ миқдори корхонаҳое, ки дар онҳо ҳамзамон беш аз 1000 нафар кор кунанд, аз 20 адад зиёд гардид. Ин ба иқтисодиёти вилояти Намангон, ки дар соҳаи бофандагии ҷумҳурӣ пешқадам маҳсуб меёбад, таъсири мусбат мегузорад.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов иштирок кард.

О. ДАДАБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.
Аксбардор: Ҳ.МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: