Дар ҳудуди мавзеи «Орзу»-и ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон «Хонаи саховат»-и нави дорои 120 ҷой дар муҳлати чаҳор моҳ сохта, ба истифода супурда шуд.
Дар ҳудуди мавзеи «Орзу»-и ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон «Хонаи саховат»-и нави дорои 120 ҷой дар муҳлати чаҳор моҳ сохта, ба истифода супурда шуд.
Ба ин муносибат маросими тантанавӣ ба вуқӯъ омад, ки дар он ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Шавкат Абдураззоқов, директори Агентии пешбурди хидматҳои тиббиву иҷтимоии ҷумҳурӣ Алишер Инақов иштирок карданд ва ба сухан баромада таъкид намуданд, ки маскани мазкур 14 нафар ҳамватанонамон – пирони танҳо ва маъюбро ба оғӯш гирифта, ҳамчун муассисаи иҷтимоӣ ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир мекунад.
Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18-19 феврали соли ҷорӣ ҳангоми сафараш ба вилоят аз ин «Хонаи саховат», ки дар қисми шимолии маркази вилоят ҷойгир буда, аҳволи абгор дошт, боздид намуда, бо шароите, ки дар ин ҷо мавҷуданд, шинос гардид ва бинобар он ки бинои мазкур қариб чил сол муқаддам сохта шуда, ҳоли ҳозир ҳоли хароб дорад, барои пирони танҳо бунёд кардани маҷмӯаи навро пешниҳод карда буд.
Дар фурсати кӯтоҳ мувофиқи тавсия ва кӯмакҳои амалии роҳбари давлат дар мавзеи барҳаво маскани нави замонавии дорои тамоми қулаиҳо қомат афрохт. Дар бинои маъмурӣ, манзили зист корҳои пардоздиҳӣ амалӣ шуданд, шабакаҳои электрӣ, техникаи санитарӣ, гармидиҳӣ нав гардиданд. Бинои нави сеошёна ва иншооти дигари хоҷагӣ сохта шуданд. Дар бинои маъмурӣ барои шаҳрвандоне, ки ба муассиса муроҷиат мекунанд, қабулхонаҳои махсуси бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазшуда ба кор сар карданд.
Дар чаҳор коттеҷи «Хонаи саховат»-и нав барои ҳар кадом сокин хонаҳои махсус ҷудо карда шудааст, онҳо бо телевизор, яхдон, душ ва дигар воситаҳои зарури зиндагӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Хонаҳои муолиҷа ва физиотерапия, ҳавз, толори машқ, ошхонаи дорои 120 ҷойи нишаст, барои аз бино берун набаромада саломатии худро барқарор кардани бошандагони он хидмат мекунанд. Ғайр аз ин, барои истироҳати хуби пирон толори дамгирӣ ва китобхонае, ки дорои 1200 адабиёт мебошад, ташкил гардидааст. Барои корҳои сохтмони бинои мазкур 18 миллиарду 300 миллион сӯмина маблағ харҷ шуд.
– Ёд дорам, чор моҳ пеш аз ин Президент ба маскане, ки дар он ғарибона зисту зиндагӣ мекардем, ташриф оварда гуфта буд: «Барои ман ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон азиз мебошад. Нисбати шумо корҳои ҳифзи иҷтимоиро беҳтар мекунем. Барои «Хонаи саховат» бинои нав сохта хоҳад шуд. Шумо дар шароити хуб зиндагӣ мекунед ва табобат мегиред», – мегӯяд яке аз сокинони он, Каримҷон Юсупови 73-сола. – Ваъдаи роҳбари давлатамон дар муддати муайяншуда иҷро гардид. Мо ба хонаи нави худ омада, хеле хушнуд шудем. Шароит аз он чи мо интизор будем, чандин маротиба беҳтар аст. Ба Президентамон ҳазор ташаккур!
Дар чорабинии тантанавӣ ҳамчун ифодаи меҳру мурувват, саховат ва суннатҳои инсонпарварии халқамон ба ҷамоаи «Хонаи саховат» туҳфаи Президент – калиди автобуси «Isuzu» супурда шуд.
Оқилхон ДАДАБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.