ДАР НАМАНГОН «КОХИ МАТБУОТ» СИМОИ ЗАМОНАВӢ ГИРИФТ

Дар арафаи Соли нав барои журналистони намангонӣ туҳфаи сазовори идона тайёр карда шуд. «Кохи матбуот», ки дар он таҳририяҳои нашрияҳои иҷтимоию сиёсӣ — рӯзномаҳои «Наманган ҳақиқати» ва «Наманганская правда» ҷойгир шудааст, аз таҷдиди асосӣ бароварда, ба истифода дода шуд.

Дар чорабинии ба ин муносибат баргузоршуда, гуфта шуд, ки соли 2022, ки бо озмоишҳои мухталифи ба худ хос паси сар шуд, низ соли гардишҳои нав дар соҳаи матбуот буд.
Хусусан, қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 июни соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика» дар ба зинаи нав бардоштани матбуоти миллиамон асос шуда, барои ба тарзи ба замон мосу хос, тезкор ва холисона кор пеш бурдани соҳибони пешаи заҳматписанд, фароҳам овардани шароити эҷодии онҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ гардид. 
Бинои «Кохи матбуот», ки соли 1979 дар шаҳри Намангон сохта шуда буд, дар тӯли 43 сол фарсуда гашта, байни биноҳои навбунёди маркази вилоят шаклу шамоилашро  гум карда буд. Як сол пеш ин маъбади маънавият аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти сарварии ҳокими вилояти Намангон мавриди омӯзиш қарор гирифта, нақшаи таъмири комили бино таҳия шуда буд. Қарори сарвари давлат, ки дар Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ эълон шуд, барои суръат бахшидан ба кор дар ин самт хидмат кард.
Дар асоси озмуни тендерӣ бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Челси қурилиш дизайн» ба корҳои таъмири асосӣ шурӯъ карданд. Бо дарназардошти андешаҳои мутахассисон нақшаи лоиҳавии навсозии дохиливу берунии бино, бо технологияҳои муосири медиавӣ муҷаҳҳаз гардонидани он тартиб дода, дар ин замина корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шуд. Барои таъмири куллӣ аз буҷети вилоят зиёда аз 2 миллиарду 600 миллион сӯм сарф карда шуд.
Бино симои замонавӣ гирифт. Дар «Кохи матбуот» на танҳо барои нашрияҳои мақомоти вилоят, балки барои шуъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, пункти мухбирии Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон дар вилоят, ҷамоаҳои эҷодии рӯзномаҳои соҳавӣ ва маҷаллаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо воситаҳои зарурии техникаи идора ва мебел таъмин карда шуд.
— Кай ба ин бино ҳам эътибор медода бошанд, гӯён ба биноҳои замонавии атрофамон бо ҳавас нигоҳ мекардем, — мегӯяд мудири шуъбаи рӯзномаи “Наманган ҳақиқати”, Рӯзноманигори шоистаи Ӯзбекистон Рислиқхон Маҷнунова. — Ана, орзуҳои мо амалӣ шуданд. Мо ҷашни Соли навро дар утоқҳои бароҳату равшан, маскани дорои шароити замонавӣ пешвоз мегирем. Шароити мусоиди ин ҷо моро водор месозад, ки ба тарзи нав кор кунем, татбиқи вазифаҳои дар Муроҷиатномаи Президенти кишвар ба миён гузошташударо пайваста инъикос намоем, моҳияти сиёсати давлат ва ислоҳотро оммавӣ гардонем, дар роҳи ба минбари воқеан ба маънои том кушоду озод табдил додани нашрияамон  аз таҳти дил меҳнат кунем. 
Акнун дар «Кохи матбуот» дар баробари нашрияҳои чопӣ, блогерҳо ва намояндагони сайтҳои интернетӣ ҷойгир хоҳанд шуд. Илова бар ин, дар ин макон технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷорӣ карда мешаванд. Дар бино мониторинги рекламаи калонҳаҷм насб карда мешавад. Хулоса, «Кохи матбуот» ба маркази воқеии медиа табдил меёбад.
Дар маросими ифтитоҳи “Кохи матбуот” ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов ширкат кард.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир: Ҳ.МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: