Дар арафаи ҷашни истиқлолияти кишвар дар вилояти Намангон ба истифода супурдани объектҳои муҳими иҷтимоӣ ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Аз ҷумла, дар арафаи 31-умин солгарди истиқлолият дар деҳаи Қумқӯрғони вилоят мактаби байналхалқии барои бачаҳои болаёқат ихтисосонидашудаи ба номи Ал-Хоразмӣ ба кор шурӯъ кард.
Мактаби хусусии байналхалқии мазкур – дар водӣ яке аз нахустин мактабҳо, ба 450 нафар хонанда пешбинӣ гардида, бо маблағи соҳибкор Муҳриддин Хоҷиакбаров (дар ҳаҷми 12 миллиард сӯм) сохта шудааст. Синфхонаҳои мактаб бо техникаи замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар ин ҷо мактабиён фанҳои математика, технологияи информатсионӣ ва забони хориҷиро меомӯзанд. Дар ҳоли ҳозир дар мактаб 51 мутахассис: омӯзгорон ва ходимони техникӣ фаъолият доранд, оянда 90 мутахассис ба кор ҷалб карда мешаванд.
Мактаби Ал-Хоразмӣ ба амиқ омӯхтани забони англисӣ ихтисосонида шудааст. Дар соли равони хониш дар ин ҷо 440 нафар мутахассисони оянда бо таълим фаро гирифта мешаванд. Барои ба натиҷаҳои хуб ноил гардидан, барилова, ба мактаби байналхалқӣ 4 мутахассиси бомаҳорати кишварҳои хориҷӣ ҷалб карда хоҳад шуд.
– Дар муассисаи таълимӣ барои омӯзгорон курсҳои махсус доир ба зиёд кардани маҳорати дарсҳои электронӣ созмон дода шудааст, – мегӯяд директори муассисаи таълимии ғайридавлатӣ Ҷамолиддин Абдуллоев. – Ба онҳо тибқи технологияҳои замонавӣ имкони роҳандозӣ кардани дарсҳои инноватсионӣ ба вуҷуд меояд. Асбобҳои аёние, ки омӯзгорон сохтаанд, имкони тавассути тахтаҳои интерактивӣ ба роҳ мондани таълими онлайнро медиҳад. Падару модарон баҳои фарзандони худро бино ба ин ё он фан метавонанд тавассути браузер ё смартфонҳо бубинанд.
Шубҳае нест, ки мактаби байналхалқии мазкур барои бачаҳои Қумқӯрғон ба маскани аз худ кардани асосҳои илму фан табдил меёбад ва онҳо дар оянда ба рушди кишварамон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Дар маросими кушоиши мактаби байналхалқии ба номи Ал-Хоразмӣ ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Шавкат Абдураззоқов иштирок намуд.
Оқилхон ДАДАБОЕВ, мухбири ӮзА.
Дар акс: дар мактаби махсуси байналхалқии бачаҳои болаёқати ба номи Ал-Хоразмӣ.
Аксбардор:
Ҳ.МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).