Дар Намангон қочоқбарон аз ҷараёни дарё барои интиқоли сигор аз Қирғизистон истифода карданд

30 июни соли равон, тахминан соати 14:00 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Янгиқӯргони вилояти Наманган чорабинии махсус гузарониданд.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ се сокини ин ноҳия, ки аз дарёи ҷараёнаш шадид дар халтаҳои дорои сигорҳои қочоқиро берун меоварданд, боздошт шуданд.

Бино ба иттилои хидмати матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Наманган, ин халтаҳо дар қаламрави Қирғизистон ба об сар дода шуда, ҷинояткорон ба таври ғайриқонунӣ маҳсулоти тамокуро ба Ӯзбекистон интиқол додаанд. Умуман муяссар гардид, ки 9 ҳазор баста маҳсулоти тамокуи «Milano» -ро, ки арзиши умумии онҳо 100 миллион сӯмро ташкил медиҳад, мусодира кунанд.

Аз рӯи ин далел тибқи қисми 3 моддаи «Муомилоти ғайриқонунӣ ё истеҳсоли спирти этилӣ, алкогол ва маҳсулоти тамоку»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки то 7 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: