ДАР НАМОИШГОҲ ОСОРИ ХАТТОТИИ ЭРОН

Дирӯз дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд бо ҳамдастии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон ва дигар вазорату ниҳодҳои эҷодии ҳар ду ҷумҳурӣ бахшида ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Эрон намоиши асарҳои наққошон ва хаттотони Эрон баргузор шуд.

Дар чорабинӣ хаттотони касбӣ, олимони санъатшинос, алоқамандони ҳунари тасвирӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Намоишро коршиноси шуъбаи дипломатияи ҷамъиятӣ ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммавӣ хонум Марям Шамсободӣ кушода, таъкид намуд, ки хаттотӣ ҳамчун асари бадеию таърихӣ  лавҳаҳои гуногуни рӯзгорро дар худ инъикос менамояд.
Дар намоишгоҳ асарҳои хаттоти моҳир Ёдулло Кобули Хонсорӣ ба маъраз гузошта шудааст.
Бинанда, ба онҳо нигариста, манзараҳои дуру наздики рӯзгори халқро пеши назар меоварад. Пас, онҳо мӯҳри таърихро дар худ инъикос намудаанд.
Намоишгоҳи мазкур ба васеъ тарғиб  намудан, нигоҳ доштани намунаҳои беҳтарини асарҳои амалии мардумӣ ва тасвирӣ, инчунин ба шинос намудани осори хаттотони Эрон нигаронида шудааст.
Дар осори дар маъраз гузошташуда ғояи накӯкорӣ, сулҳ, ризоият, ки аз таълимоти дини мубини ислом бар меояд, инъикос ёфтаанд. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: