ДАР НАМОИШГОҲИ БУЗУРГТАРИНИ ОЛМОН СОҲАИ БОФАНДАГИИ ӮЗБЕКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

Дар намоишгоҳи «Heimtextil-2023», ки 10-13 январ дар Олмон баргузор мегардад ва дар олами саноати бофандагӣ воқеаи бузургтарин ба ҳисоб меравад, дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатии кишвари мо дар Франкфурти лаби Майн ва Берлин якҷо бо иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат» дастовардҳои Ӯзбекистон дар соҳаи мазкур ба намоиш гузошта шуданд.

Дар намоишгоҳи «Heimtextil-2023», ки 10-13 январ дар Олмон баргузор мегардад ва дар олами саноати бофандагӣ воқеаи бузургтарин ба ҳисоб меравад, дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатии кишвари мо дар Франкфурти лаби Майн ва Берлин якҷо бо иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат» дастовардҳои Ӯзбекистон дар соҳаи мазкур ба намоиш гузошта шуданд.
Намоишгоҳ ҳар сол дар шаҳри Франкфурти лаби Майн гузаронида шуда, 60 ҳазор тамошобинону мутахассисон ва беш аз 3 ҳазор экспонатҳоро аз тамоми ҷаҳон ҷалб менамояд.
Ҳайати Ӯзбекистон, ки аз намояндагони 15 корхонаи ватании дорои сертификати байналхалқӣ иборат мебошад, дар намоишгоҳ таҳти рукни «Made in Uzbekistan» иштирок мекунад.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорони он имкон доштанд бо маводи муаррифӣ дар бораи имконият ва пешомадҳои соҳаи бофандагии Ӯзбекистон шинос шаванд, ҳамчунин дар соҳаи содироти маҳсулоти бофандагии ватанӣ дар Олмон муоҳидаҳои муфиди тарафайн ба имзо расонанд. Иштирокдорони хориҷӣ таносуби муфиди нарх ва сифати матоъҳои Ӯзбекистонро бо рағбати зиёд қайд карданд ва изҳор доштанд, ки мехоҳанд бо мо ҳамкориҳои дарозмуҳлатро инкишоф диҳанд.
Гумоштаи тиҷоратии Ширкати байналхалқии сармоявии Чин Михаэл Борхманн:
– Ҳар сол Ӯзбекистон сифат ва ҷилои маҳсулоти худро, ки дар саноати ҷаҳонии бофандагӣ мақоми махсус дорад, намоиш медиҳад. Ғайр аз ин,  Ӯзбекистон кишвари дорои таърих ва маданияти наҷиб ба шумор меравад. Ман ду бор дар кишвари шумо будам ва Ӯзбекистон дар қалби ман мавқеи махсус дорад.
Менеҷери минтақавӣ оид ба савдои ширкати «Textima Export Import GmbH» Наргиза Маҳкамова:
– Имрӯз мо дар шаҳри Франкфурти лаби Майн қарор дорем, ки ҳар сол дар он намоишгоҳи «Heimtextil-2023» гузаронида мешавад. Ман намояндаи ширкати «Textima Export Import GmbH» ҳастам, ки нафақат дар Ӯзбекистон, балки дар хориҷ аз он низ маълум мебошад. Мо бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкории пурмаҳсул дорем ва барои рушди саноати бофандагӣ дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои мухталифро татбиқ менамоем. Мехоҳам қайд намоям, ки тӯли солҳои охир соҳаи бофандагӣ дар мамлакати мо бо суръати хеле баланд инкишоф меёбад. Дар мо барои намоиш додани бартарии маҳсулоти бофандагии Ӯзбекистон дар тамоми олам имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Умуман содироти маҳсулоти бофандагии Ӯзбекистон тӯли даҳ моҳи соли 2022-юм аз 2,6 миллиард доллари ИМА гузашт ва афзоиши солона 10,7 фоизро ташкил дод. То соли 2025-ум афзоиши молҳои бофандагии содиротӣ то ба 7 миллиард доллар мерасад. Пойгоҳи ҳуқуқӣ, ки дар ҷумҳурии мо барои тиҷорат фароҳам оварда мешавад, саъю кӯшишҳои роҳбарият бобати муваффақ шудан ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва вусъат додани ҳамкориҳои сармоявӣ натиҷаҳои пурмаҳсул медиҳанд. Ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон беш аз 200 истеҳсолоти бофандагӣ кор мекунанд, ки ҳар кадоми онҳо ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар хориҷи он харидорони зиёд доранд.
Намояндаи ширкати «Karl Mayer Stoll Textik maschin fabrik Deutchland» Матеас Мюллер:
– Ман пештар дар ширкати «Darnier» кор мекардам ва зуд-зуд ба Ӯзбекистон мерафтам. Алҳол дар ширкати «Karl Mayer Stoll Textik maschinfabrik Deutchland» кор мекунам, ки бо фурӯши мошинҳои бофандагиву кӯмакрасон машғул мебошад. Аз он хурсандам, ки имрӯз дар чунин як намоишгоҳи бузург ширкат дорам. Ин имконияти хуби вохӯрӣ бо шарикони кӯҳнаву нав мебошад. Аз ҳамкориҳои пурмаҳсули минбаъда умеди калон дорам. Намоишгоҳи шумо хеле зебост ва мардуми зиёдро ҷалб менамояд, ки ин ҷиҳат барои сармоягузорон маҳаки хубест.

АИ «Дунё»,
шаҳри Франкфурти лаби Майн.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: