Дар арафаи ҷашни истиқлолият дар мавзеъҳои зиёди вилоятамон маросими ба истифодасупории объектҳои нав баргузор мешаванд.
Дар асоси қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 июли соли 2018 «Дар бораи ташкил кардани минтақаҳои хурди саноатӣ дар вилояти Намангон», инчунин аз 21 июни соли 2019 «Чорабиниҳо оид ба мутобиқсозии фаъолияти минтақаҳои хурди саноатӣ ва такмил додани идоракунӣ» як қатор корҳо ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар минтақаи саноати хурди «Намуна»-и ноҳияи Косонсой корхонаи бузурги истеҳсолӣ ба истифода супурда шуд. Дар қисми аввали ҶММ «Barkas tex group», ки ҳоло ба фаъолият сар кард, 600 нафар бо кор таъмин гардиданд. Ба нақша гирифта шудааст, ки баъди пурра ба кор даромадани корхона беш аз 1800 ҷойи корӣ офарида мешавад.
– Қисми асосии коргаронро нафароне, ки дар рӯйихати «Дафтари ҷавонон» ва «Дафтари бонувон» буданд, ташкил медиҳад, – гуфт роҳбари корхона Анвархон Абдуллоев. – Сачоқҳои маҳине, ки дар ин ҷо истеҳсол мегардад, пурра ба хориҷ содир мешавад.
Корхона дорои қувваи истеҳсоли 5 ҳазор тонна маҳсулоти тайёри калоба буда, ҳаҷми содироти он дар як сол 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
– Дар хона бекор будам. Ташкил гардидани чунин корхона барои ман ва дугонаҳоям мувофиқи мақсад шуд. Корамон вазнинӣ намекунад. Дар як моҳ то 2 миллион сӯм маош мегирам, ки бо ин ба рӯзгор фоидаамон мерасад, – гуфт Ёқутхон Эргашева дар сӯҳбат бо мо. – Нақлиёт барои рафту омаданамон ва хӯроки пешин бепул дода мешавад.
Дар натиҷаи ислоҳотҳои пайдарпайе, ки ба ҳифзи манфаатҳои қонунӣ ва ҳуқуқии соҳибони мулки хусусӣ нигаронида шудааст, чунин лоиҳаҳои бузург ба амал татбиқ мегарданд.
Ҳоло дар вилояти Намангон шумораи минтақаҳои саноати хурд ба 73-то расидааст, ки дар он беш аз ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ нақшаҳои истиқболноки худро паиҳам ба амал татбиқ менамоянд.
Дар 167,4 гектар майдони ноҳияи Косонсой 4-то минтақаи саноати хурд ташкил гардиданд, ки ба 184 лоиҳаи он 1 триллиону 251 сӯм маблағ равона карда шудааст.
Ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз пурра ба кор сар кардани чунин лоиҳаҳо 13 ҳазору 663-то ҷойҳои нави корӣ офарида мешавад. Аз ҷумла, дар минтақаи саноати хурди «Намуна», ки майдони умумии он 26,2 гектар аст, баҳри ба кор даровардани 28-то лоиҳае, ки 350 млрд. сӯм арзиш дорад, саъю ҳаракатҳо оғоз ёфтаанд. Чунин корҳо амалӣ гарданд, 2400 нафар бо кор таъмин мешаванд.
Дар маросими кушодашавии корхона ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов иштирок кард.
Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.