ДАР НАТИҶАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ СИМОИ ҲУДУД ТАҒЙИР МЕЁБАД

Шаҳри Қаршӣ, ки дар маркази ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарё ҷойгир аст, ҳудуди калонро ишғол мекунад.

Дар натиҷаи корҳои васеъмиқёсе, ки солҳои охир дар маркази ноҳия ва маҳаллаҳо амалӣ гардонда мешаванд, симои он ба куллӣ тағйир меёбад.
Масалан, варзишгоҳи марказии «Бешкент»-и маркази ноҳия солҳои зиёд беэътибор гузошта шуда, амалан бекор мехобид. Ҳоло он ҳам мисли бисёр дигар иншоотҳои Ӯзбекистон таъмир карда мешавад.
Ҷавонони маҳаллаи «Навбаҳор», ки варзишгоҳ дар он ҷо ҷойгир аст, муттаҳид шуда, ба «Буҷаи ташаббускор» лоиҳаҳои худро оид ба таъмири варзишгоҳ пешниҳод намуданд. Пешниҳоди онҳоро маъқул дониста, барои таъмир 14 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Дар натиҷа дар муҳлати кӯтоҳ корҳо оид ба таҷдиди варзишгоҳ оғоз ёфтанд.
– Як вақтҳо ин варзишгоҳ иншооти замонавии варзишӣ ба ҳисоб мерафт, – ба хотир меорад Эркин Алланазаров, ки ба қарибӣ 70-сола мешавад. – Дар ин мавзеъ ҷашнҳои бузург, сайрҳои мардумӣ, чорабиниҳои тантанавӣ барпо мегардиданд. Ноҳияи мо ҳатто тими миллии худро дошт. Ҳамеша машқҳо гузаронда мешуданд. Ҷавонони маҳалла ҳамаи инро диданд, шавқу ҳавасашон ба футбол афзуд. Аммо дар даврае эътибор ба варзиш суст шуд. Дар натиҷа майдончаи варзишӣ беназорат монд. Ҷавонони мо аз имкониятҳои Президенти кишвар истифода бурда, дар озмуни лоиҳаи «Буҷети ташаббускор» ғолиб омаданд. Боварӣ дорам, ки дар рӯзҳои наздик варзишгоҳи мо намуди ҷолиб ба бар мекунад.
Тавре ки ҳокими ноҳия Бекзодҷон Юсупов қайд намуд, низоми обёрии варзишгоҳ беҳтар гардида, то анҷоми корҳои сохтмонӣ фарши сабзи он аъло хоҳад буд. Мо бо клуби «Насаф» ба мувофиқа расидем, ки пас аз бозсозии комил варзишгоҳи марказӣ ҳамчун пойгоҳи нави тамринии клуб хидмат хоҳад кард.
 Аз қиёфаи замонавӣ гирифтани варзишгоҳ ҳама манфиатдоранд. Барои ҷавонон маҷмӯи беҳтарини варзишӣ сохта хоҳад шуд. Дар атрофи варзишгоҳ соҳаи хидматрасонӣ ривоҷ меёбад. Имконияти ба даст овардани даромади иловагӣ пайдо шуда, ҷойҳои нави корӣ созмон дода мешаванд.
 Дар «пайроҳаи саломатӣ», ки дар кӯчаи Мустақиллики ноҳияи Қаршӣ сохта мешавад, кор дар ҷӯшу хӯруш аст. Дар кӯчаҳои марказӣ роҳҳои пиёдагард сохта мешаванд, ки сайри бехавфи пиёдагардонро таъмин мекунад.
Бо мақсади тағйир додани симои меъмории кӯчаи Мустақиллик, ки аз ҳудуди маҳаллаҳои «Бунёдкор», «Равот», «Бодомзор», «Қӯйибешкент» мегузарад, ба он намуди замонавӣ бахшидан ва аз ҳама муҳимаш таъмини бехатарии пиёдагардон ва велосипедронҳо «пайроҳаҳои саломатӣ»-и дарозиаш 3,5 километр ва бараш 3,5 метр сохта мешаванд.
— Кӯчаи Мустақиллик, ки аз маҳаллаи мо мегузарад, хеле серодам аст, –  мегӯяд фаъоли ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қӯйи Бешкент» Ботир Яхшиев. – Бо ин роҳ фарзандони мо ба мактаб, аҳолӣ бошад, ба маркази ноҳия мераванд. То вақтҳои охир хусусан дар шароити обу ҳавои номусоид ин корро анҷом додан осон набуд. Бо ташаббуси роҳбарияти ноҳияи мо акнун вазъият тағйир меёбад, ки сокинони мо аз он беандоза шоданд.
Бояд гуфт, ки роҳҳо дар маҳаллаҳои ноҳия ҳамеша масъалаи доғ буд. Қисми асосии маблағҳое, ки аз рӯи лоиҳаи «Буҷети ташаббускор» ба даст оварда шудаанд, 10 миллиарду 38 миллион сӯм, ба ободии роҳҳо равона карда мешаванд.
Дар тӯли солҳои зиёд аҳолии деҳаи дурдасти Поштон аз вайрон шудани роҳҳои дохилӣ азоб мекашид. Имсол ҷавонони деҳот муттаҳид шуда, дар доираи лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор» барои таъмири роҳҳои дохилӣ қариб 1 миллиард сӯм бурд карданд. Дар натиҷа беш аз 2 километр роҳҳои деҳа асфалтпӯш карда шуданд.
– Вақте, ки роҳҳои деҳаи мо мумфарш карда мешуданд, ман ҳанӯз ҷавон будам, – мегӯяд Бозорбува Дулапови 82-сола. – Ин тахминан солҳои 82-уми асри гузашта буд. Аз он вақт инҷониб роҳҳо умуман таъмир карда нашудааст. Дар тобистон чангу хок ва тирамоҳу баҳор лой то зону мебаромад. Шукри Худо ҷавонони деҳот ташаббус нишон дода, дар таъмири роҳ ғолиб шуданд. Мо аз истиқлолияте, ки чунин имкониятҳоро фароҳам овард, хеле миннатдорем.
Корҳои созандагие, ки дар маҳаллаҳо ба ҷо оварда мешаванд, назаррас буда, дар замири онҳо як мақсади нек – баланд бардоштани дараҷаи некӯҳолии мардум ниҳон аст.

Ӯлмас БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: