ДАР НАВОР – САЙҚАЛИ РӮИ ЗАМИН

Ба наздикӣ ҳайати намояндагони Қазоқистон иборат аз эҷодкорони медиа-ширкати «Айғақ» ба шаҳри Самарқанд ташриф фармуданд.

Мақсади асосии онҳо ба навор гирифтани видеоролик дар бораи салоҳияти сайёҳии Самарқанд буд.
Эҷодкорони медиа-ширкат корҳои банаворгириро дар мақбараи Амир Темур, маҷмӯаи Имом Бухорӣ, майдони Регистон ва шаҳри Ургут амалӣ намуданд. 
– Ин видеоролик ва лавҳаҳо дар воситаҳои ахбори оммавии Қазоқистон мунтазам пахш карда мешаванд, – гуфт директори медиа-ширкати «Айғақ», роҳбари ҳайат Дулат Абиш. – Ин амалиёт барои дар оянда афзун сохтани адади  сайёҳони қазоқистонӣ ба сайқали рӯи замин — Самарқанд хизмат мекунад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: