Дар ҳудуди шаҳри Нуқус чорабиниҳои густарда дар доираи аксияи “Макони сабз” оғоз ёфтанд.
Дар он ҷавонон, нурониён, зану духтарон, кормандони муассисаву ташкилотҳо, ки нияти саҳм гузоштан дар ободиву фаровонии кишварамонро доранд, бо нияти нек ниҳол шинонданд.
Дар чорабинӣ раиси Жўқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Аманбай Оринбоев иштирок намуда, зарурати таъмини тозагии муҳити зист ва бунёди минтақаҳои сабзро дар ҳамҷиҳатӣ бо мардуми мамлакат таъкид кард.
Дар мавсими тирамоҳи имсола дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» шинонидани 5 миллиону 250 ҳазор ниҳоли дарахтони манзаравӣ ва мевадиҳанда дар назар аст. Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани ин чорабиниҳо захираи 6 миллиону 536,8 ҳазор бех ниҳоли манзаравию мевадиҳанда ташкил карда шуд.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо 1403 гектар майдони кушод ва канораҳои кӯчаҳо муайян гардида, корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ оғоз гардид.
Довуд АБИБУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.