ДАР НАЗДИ ҲУКУМАТ ВА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТ ДАР МАҲАЛҲО ОИД БА МУБОРИЗА БО ПАНДЕМИЯ ВАЗИФАҲОИ НАВ ГУЗОШТА ШУДАНД

Президент Шавкат Мирзиёев 14 апрел дар оғози ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба баррасии вазифаҳои таъхирнопазир дар соҳаи кишоварзии Ӯзбекистон, дубора оид ба корҳое, ки дар доираи мубориза бо сирояти коронавирус анҷом дода мешаванд, алоҳида истода гузашт. Сарвари давлат, аз ҷумла, қайд кард:

Президент Шавкат Мирзиёев 14 апрел дар оғози ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба баррасии вазифаҳои таъхирнопазир дар соҳаи кишоварзии Ӯзбекистон, дубора оид ба  корҳое, ки дар доираи мубориза бо сирояти коронавирус анҷом дода мешаванд, алоҳида истода гузашт. Сарвари давлат, аз ҷумла, қайд кард:

– Тавре ки ба шумо аз хабарҳо дар матбуот маълум аст, шумораи гирифторони вирус дар ҷаҳон, аз ҷумла дар мамлакати мо меафзояд, ки ин аз ҳамаи мо, тамоми мардуми мо баланд бардоштани ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ, бечунучаро ва қатъиян риоя намудан ба тамоми талаботи муқарраршудаи карантинро тақозо менамояд.

Бо назардошти вазъи имрӯза Комиссияи ҳукуматии мамлакат, роҳбарияти Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, вазорату идораҳои дахлдор бояд чораҳои фаврӣ андешанд.

Якум, мо аз қафои равандҳои марбут ба пандемия таъқиб нанамуда, балки тамоми қувваву имконият, захираҳои мавҷударо барои пешгирии пешакии онҳо сафарбар кунем.

Дуюм, бояд вазъи мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷараёни он пешгӯӣ намуда, ба он бо нақшаҳои мушаххас ва тадбирҳои оқилона тайёр бошем.

Сеюм, мо бояд ҳамкориҳоро бо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои рафъи ин беморӣ пурзӯр гардонем.

Гузарондани мулоқотҳои телетиббиро оид ба табобати беморон бо иштироки мутахассисони бонуфузи Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Исроил, Бритониёи Кабир, Олмон ва Ҷопон бояд бо намояндагони давлатҳои пешрафтаи дигар идома дода, тавсияҳои гирифташуда бояд фаъолона татбиқ карда шаванд.

Видеоконфронси имрӯз бо коршиносони Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузоргардида, итминон дорам, ки дар табобати беморон низ натиҷаи мусбат хоҳад дод.

Чорум, Комиссияи ҷумҳуриявӣ бояд оид ба минбаъд баланд бардоштани масъулияти на танҳо вазорату идораҳои дахлдор, балки ҳокимон дар маҳаллҳо ва роҳбарони секторҳо барои пешгирии паҳншавии коронавирус ва маҳдуд кардани таъсири манфии он ба иқтисодиёт ва одамон чораҳо андешад.

Махсусан ҳокимон ва роҳбарони секторҳо барои самаранокии корҳо оиди таъмини пурраи эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими аҳолӣ, пешгирии болоравии нархҳо ва дастгирии оилаҳои камдаромад шахсан масъул мебошанд.

Ғамхорӣ ба оилаҳои камдаромад, эҳтиёҷманд ва ночор, ёрии хайрот расондан ба онҳо, вусъат додани доираи ташаббусҳои хайрхоҳона бояд яке аз вазифаҳои асосии роҳбарони масъули маҳаллӣ гардад.

Дӯстони азиз!

Бояд қайд кард, ки сарфи назар аз душвориҳои вобаста ба пандемия ва карантин, мардуми мо ноумед нашуд ва ба таҳлука наафтид.

Дар мамлакати мо ягон система фаъолияташро қатъ накард. Бо мақсади ҳифзи мардум ва бо назардошти вазъият, мо кори худро ба дигар шакл мегузаронем.

Фаъолияти марбут ба корҳои зеҳнӣ, таълим ва тарбия фосилавӣ, дар тартиби бархат бурда  мешаванд.

Ҳамзамон, мехоҳам таваҷҷӯҳи роҳбаронро ба он ҷалб намоям, ки мо бояд фаъолиятамонро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва сохтмон, дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, дар субъектҳои соҳибкории минтақаҳо самарабахш идома диҳем.

Чунки ҳаёт дар як ҷо намеистад. Вақту имкониятҳои имрӯз аз дастдодаро фардо наметавон баргардонд.

Дар назди мо баробари таъмин намудани ҳаёти осудаҳолонаи халқи 34 миллионнафара вазифаи содир намудани миқдори азими маҳсулоти дар кишвар тайёршуда қарор дорад.

Мо, албатта, хуб медонем, ки дар хона мондан чӣ қадар мушкил аст, аммо мо маҷбурем ба ин тавсия ҳамчун роҳи беҳтарини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти мардумамон риоя кунем.

Мо қарор дар бораи бекор кардани карантинро бо роҳи ҳамаҷониба андешидан ва таҳлил кардани масъалаи мазкур, бо халқ  машварат карда баррасӣ хоҳем кард.

Мо якҷоя бо халқи далеру босуботи худ, ки бисёр чизҳоро дидаанд ва дар озмоишҳои мухталиф обутоб ёфтаанд, ин душвориҳои муваққатиро паси сар хоҳем кард.

Дар Мадҳияи давлатӣ, ки суханони онҳо ба қалами шоири бузурги мо Абдулло Орипов мансуб аст, чунин сатрҳои пурмаъно мавҷуданд: "Замоне, ки қудрати халқи бузург ҷӯш мезанад".

Дар ҳақиқат, дар ин замони мураккаби озмоиш халқи мо бо қудрат, оқилӣ ва истодагарии худ, нисбати ҳамдигар ғамхорӣ ва фарохдилӣ зоҳир намуда, бешубҳа ба мақсадҳои олии худ ноил хоҳад шуд, - таъкид намуд Президент Шавкат Мирзиёев.

Ба сарвари давлат ҳисоботи роҳбарони идораҳои марказӣ ва шахсони дигари масъул дар бораи ҳолати ҳар як бемор дар ҳудудҳои ба онҳо вобасташуда пешниҳод карда шуда, дар бораи шароити фароҳам овардашуда нақл карданд.

Ба ғайр аз ин, дастур дода шуд, ки роҳбарони марказҳои махсуси тиббии ҷумҳуриявӣ ҳар як бемори дар минтақаҳои ба онҳо вобасташударо шахсан аёдат намоянд. Онҳо бояд доимо оиди шароит ва кӯмаки давлат эҳтиёҷ доштани онҳо хабар дошта бошанд. Бори дигар таъкид гардид, ки ҳеҷ як шаҳрванд бо мушкилӣ танҳо гузошта намешавад. ӮзА .

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: