Дар уқёнуси Ором дар наздикии ҷазираҳои Огасавара, воқеъ дар 700-километрии соҳили ҷазираи Хонсюи Ҷопон заминларзаи 6,2 дараҷаӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар додааст.
Мувофиқи он, заминларза дар 873-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Ҳамаматсу (минтақаи Сизуока) рух додааст. Манбаи он дар чуқурии 566 километр воқеъ аст.
Дар бораи талафот ва ҳисорот маълумоте нест. Хатари сунамӣ эълон нашудааст, хабар медиҳад report.az.