ДАР НИДЕРЛАНДИЯ ДАР БОРАИ ҲУНАРМАНДИИ ХАЛҚИИ ӮЗБЕКИСТОН НАҚЛ КАРДАНД

Дар Роттердам таҳти мавзӯи «Аломатҳои сабтшуда ва овозҳои эъломшуда» чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад, ки бо кӯмаки Фонди дӯстии «Ҳулланд Ӯзбекистон» УЗНЕД ташкил карда шудааст.

Иштирокдорони фестивали якуми санъати халқиву амалӣ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Қӯқанд ба амал омад, Мариеке де Хооп ва Лео Хеген таассуротҳояшонро оиди Ӯзбекистон ба ҳам дида, мафтуниашонро бо он изҳор намуданд, ки дар Ӯзбекистон имрӯз ҳунари бинобар анъанаҳои қадимӣ дастӣ тайёр намудани коғаз нигоҳ дошта шудааст. Инак, мувофиқи манбаъҳои таърихӣ аз соли 751 сар карда дар Самарқанд коғаз истеҳсол карда шудааст. Коғаз ба тамоми ҷаҳон тавассути Роҳи абрешим паҳн шудааст. 
Президенти ӮЗНЕД Даля Чакар таъкид намуд, ки мероси ғании таърихиву мадании Ӯзбекистон сарвати тамоми инсоният мебошад. 
– Фонди мо аз он хушнуд аст, ки бо Ӯзбекистон барномаи шиносоӣ пеш мебарад, – гуфт ӯ. – Имрӯз миқдори саёҳатҳои махсуси маданӣ ба мамлакат меафзояд ва мо дар ин самт дастгирӣ намуданро индома медиҳем. 
Дар чорабиниҳои маданӣ, ки бо кӯмаки ҳайати дипломатии мамлакатамон дар Брюссел ташкил карда шуд, филмҳои маърифатӣ ва таомҳои ошхонаи миллии Ӯзбекистон намоиш дода шуданд. 

АА «Дунё» 
РОТТЕРДАМ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: