ДАР НИДЕРЛАНДИЯ ХОТИРАИ 101 САРБОЗИ ӮЗБЕКИСТОНИРО, КИ ДАР ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН ҲАЛОК ШУДААНД, ГИРОМӢ ДОШТАНД

Сафорати Ӯзбекистон дар кишварҳои Бенилюкс дар «Майдони шуҳрати шӯравӣ»-и шафати дар қабристону «Рустхоф» ба ёди сарбозони ӯзбекистоние, ки 9 апрели соли 1942 аз ҷониби фашистон дар конслагери “Амерсфорт” (Нидерландия) қатл карда шудаанд, чорабинии ёдбуд ташкил кард.

Сафорати Ӯзбекистон дар кишварҳои Бенилюкс дар «Майдони шуҳрати шӯравӣ»-и шафати дар қабристону «Рустхоф» ба ёди сарбозони ӯзбекистоние, ки 9 апрели соли 1942 аз ҷониби фашистон дар конслагери “Амерсфорт” (Нидерландия) қатл карда шудаанд, чорабинии ёдбуд ташкил кард.
Дар ин чорабинӣ шаҳрдори Люсден Геролф Бувмейстер, муовини шаҳрдори Амерсфорт Кес Краанен, раиси Фонди «Майдони шуҳрати шӯравӣ» Алекс Энгберс, директори Фонд Ремко Рединг ва намояндагони сафорати Русия дар Нидерландия ширкат варзиданд.
Маросим аз маҷмӯи ёдгории “Майдони шуҳрати шӯравӣ” оғоз ёфт, ки дар он ҷо ба пояи муҷассамае, ки ба хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гузошта шудааст, гулчанбарҳо гузошта шуданд. 
Маҷмӯъ 18 ноябри соли 1948 кушода шудааст. Дар ин ҷо 865 нафар сарбози собиқ Иттиҳод дафн карда шудаанд, ки ба хотираи ҳар яке санги мазор гузошта шудааст. Аммо на ҳамаи онҳо номи сарбози дафншударо доранд, баъзеҳо танҳо рақамҳо ва навиштаҷоти «Сарбози номаълуми шӯравӣ»-ро доранд. Инҳо сарбозоне мебошанд, ки дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла, Ӯзбекистон бедарак ҳисобида мешаванд ва дар байни онҳо 101 нафар сарбозони ӯзбекистонӣ ҳастанд.
Тибқи маълумоти таърихӣ, тирамоҳи соли 1941 сарбозони асири ӯзбекистониро ба конслагери “Амерсфорт”-и Нидерландия, ки фашистон ишғол карда буданд, бурданд. Аз саду як маҳбус, 24 нафарашон дар зимистони соли 1941 қурбони шиканҷа ва беморӣ шуданд. 77 нафарро субҳи барвақти 9 апрели соли 1942 ба ҷангали наздиктарин бурда, паррониданд. Ин бузургтарин қатли ом дар Нидерландия дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд. Баъдтар, дар ҷойи қатл муҷассама гузошта шуд. Даҳ сол аст, ки намояндагони аҳли ҷомеаи Нидерландия маросимҳои ёдбуди сарбозони ӯзбекистониро баргузор мекунанд.
Пас аз баргузории чорабинӣ иштирокдорон ба ёдгории миллии «конслагери Амерсфорт» рафтанд ва аз маҳалли қатли сарбозони ӯзбек дидан карданд. Дар ин ҷо ба пояи ёдгорӣ гулҳо гузошта шуданд. 
Аввалин ташаббус барои маълум кардан ба мардум дар бораи сарнавишти 101 сарбози ӯзбек, ки аз ҷониби фашистон дар конслагери Амерсфорт кушта шуданд, ба директори “Майдони шуҳрати шуравӣ” Ремко Рединг тааллуқ дошт. Вай зиёда аз 20 соли ҳаёти худро ба ин кори хайр бахшидааст.
Бо талошҳои Ремко Рединг сарнавишти ҳайратангези 101 сарбози ӯзбекистонӣ, ки дар давраи ҷанг ба конслагери “Амерсфорт” бурда шуданд ва сипас ба шиканҷаи даҳшатнок ва бераҳмона дучор шуда, аммо нашикастанд,  шаъну шараф, ғурур ва хислати инсонигариашонро нигоҳ доштанд, на танҳо дар Нидерландия ва Ӯзбекистон, балки дар тамоми ҷаҳон маълуманд.
То имрӯз шумораи романҳо ва мақолаҳое, ки ба забонҳои гуногун навишта шудаанд, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бахшида ба ин қаҳрамониҳо аз якчанд садҳо мегузаранд. 
Худи Ремко Ридинг дӯсти азиз ва меҳмони доимии кишвари мо гардид. Аз ҷумла, ӯ борҳо ба Ӯзбекистон ташриф оварда, дар чорабиниҳои бахшида ба қаҳрамонии сарбозони ӯзбекистонӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат варзидааст.
Моҳи майи соли 2020 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нахустнамоиши филми бадеии «101» баргузор гардид. Маълумоти воқеӣ барои таҳияи филм аз ҷониби Ремко Рединг тақдим шудааст. Ҳоло ӯ бо филмсозони ӯзбек филми мустанади “101”-ро ба навор мегирад.
Ғайр аз ин, корҳо оид ба татбиқи лоиҳаи муайян кардани 101 сарбози дар Нидерландия дафншуда идома доранд. Аз ҷумла, дар оғози соли 2021, ҳуҷҷатҳои чанд сарбози ӯзбекро пайдо карданд ва кор оиди дақиқ намудани шахси онҳо оғоз ёфтааст. Дар ояндаи наздик Ремко Рединг ва ҳамкорони ӯ ба Ӯзбекистон ташриф оварда, бо дастгирии ташкилоту муассисаҳои шарики кишварамон ҷустуҷӯро идома медиҳанд. 

АИ «Дунё», 
АМЕРСФОРТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: