ДАР НИГОРИСТОН

«ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР...»

Чанде қабл дар Нигористони фототасвири Тошканд бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва дигар вазорату ниҳодҳои эҷодии ҳарду ҷумҳурӣ бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон баргузор шуд. 
Дар чорабинӣ роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аҳли санъат ва донишҷӯён, наққошони касбӣ ва алоқамандони ҳунари тасвирии кишварамон ва мамлакати ҳамсоя иштирок намуданд.
Намоишро сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мисраъҳои зерин ҳусни ифтитоҳ бахшид:
Дӯст ояд  гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Солҳои охир дар байни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон робитаҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву маданӣ босуръат инкишоф ёфта истодааст. 
– Бинанда ба осори бадеию таърихӣ, тасвирҳое, ки низ лавҳаҳои гуногуни рӯзгорро дар худ инъикос намудааст, нигариста, манзараҳои рӯзгори  дуру наздики халқро пеши назар меоварад. Пас, онҳо мӯҳри таърихро дар худ доранд, – гуфт раиси Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова. 
Дар намоишгоҳ беш аз 100 асари зебои наққошӣ, графика, ҳайкалтарошӣ ва санъати амалии 40 нафар рассомон ва ходимони барҷастаи фарҳанги Тоҷикистон, аз қабили Вафо Назаров, Сабзалӣ Шарипов, Анваршоҳ Сайфуддинов, Мизроб Холов, Акмал Миршакаров, Зиёратшоҳ Довудов, Аҳмад Юсупов ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар толори хурди намоишгоҳи Корвонсаройи фарҳанги байналхалқии Икуо Хираямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон низ чунин намоишгоҳ баргузор шуд. Дар он низ бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон асарҳои Эвадулло Абдуллоев ба намоиш гузошта шуд. 
Меҳри Модар-Ватан, маданият ва анъанаҳои мардум, табиати бетакрор манбаи бепоёни илҳоми фоторассоми тоҷики намангонӣ Эвадулло Абдуллоев ба шумор меравад. Акси биноҳои давлативу таърихӣ, боғҳои истироҳат, гулдухтарони тоҷик, пирони барнодил, лаҳзаҳои ҷашн, маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар ашёе, ки дар бораи табиат ва ҳаёти Ӯзбекистон  нақл мекунанд, аз ҷониби фоторассом моҳирона аккосӣ шудааст.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”. 
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: