Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 3,5 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Ӯзбекистон дидан карданд

Дар тӯли моҳҳои январ-июни соли 2024 ба Ўзбекистон беш аз 3,5 миллион сайёҳи хориҷӣ омадааст.

Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 415,6 ҳазор нафар ё 13,3% зиёд шудааст.

Қисми асосии гардиши сайёҳӣ ба шаҳрвандони Қирғизистон – беш аз 1 миллион нафар рост меояд. Баъдан Тоҷикистон ва Қазоқистон – мутаносибан 1 миллиону 668,4 ҳазор нафаранд.

Дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвари мо 364,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Русия, 67,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Туркманистон ва 51,9 ҳазор нафар шаҳрвандони Туркия ташриф оварданд.

Илова бар ин, ба даҳгонаи беҳтарин Чин (28,7 ҳазор нафар), Ҳиндустон (28,2 ҳазор нафар), Кореяи Ҷанубӣ (19,6 ҳазор) ва Италия (17,7 ҳазор нафар) шомил шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: