«ДАР НОУМЕДИҲО БАСЕ УМЕД АСТ...»

Одамушшуаро, поягузори адабиёти классикии форсигӯёни дунё Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қитъаи шеърие дорад, ки бо байти:

Одамушшуаро, поягузори адабиёти классикии форсигӯёни дунё Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қитъаи шеърие дорад, ки бо байти:
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд...
шурӯъ мешавад. 
Шояд ӯ дар васфи Бухоро —  гаҳвораи забони форсии тоҷикӣ, ватани «Шашмақом», зодгоҳу зодбуми муаррихи дақиқназар Муҳаммад Наршахӣ, асосгузори илми тибби тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, маорифпарвар ва ислоҳотхоҳи беназир Аҳмади Дониш, поягузори адабиёти навини тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ шеърҳои зиёде дошт, вале то ба мо расидааш ду қитъаи шеърӣ мебошад, ки дуюмаш бо ин байт оғоз меёбад:
Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Фикр мекунем, ки ҳар ду қитъаи шеърии султони шоирон ба ҳисси ватанпарварии хонанда меафзоянд.   
Басе рамзист, ки поягузорони адабиёти классикӣ ва навини тоҷик — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Садриддин Айнӣ ҳар ду аз ҳавои рӯҳбахши Бухорои адабпарвар сина пур кардаанд. Мо пайкараҳои бисёр нобиғагони илму адаб ва лашкаркашонро дар шаҳрҳои гуногуни мамлакатамон гузоштем. Вале пайкараҳои барқади ин ду нобиғаи илму адаб, ки бо сухан дили оламиёнро тасхир намудаанд, дар ягон шаҳр дида намешавад...
То ибтидои садаи ХХ зодаву парвардагони Бухоро ба форсигӯёни дунё дарси илму адаб омӯхтаанд. Таассуф, ки имрӯз ба омӯхтан ниёз доранд...
Ӯзбекистон истиқлолияти давлатиро ба даст даровард. Сӣ сол аст, ки аз ҳавои ҷонбахши он нафас мекашем. Истиқлолият ба рӯйи ҳамаи халқияту миллатҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла тоҷикон, ки расман беш аз 1,5 милён нафар нуфус доранд, дари худшиносӣ ва созандагиро боз намуд...
Қабл аз омода кардани саҳифаи мавриди назар аз хабарнигори рӯзнома дар вилояти Бухоро— устод Амрулло хоҳиш намудем, ки кӯмак расонад. Хидматгузори беминнат то саҳифа омода гардид, ранҷи бисёре кашид. Вақте намунаҳои эҷодиёти адибони ҷавону варзидаи Бухорои адабпарварро аз назар мегузарондем, ғайриихтиёр суханони шоир ва маорифпарвари бузурги ӯзбек Абдулҳамид Чӯлпон ба ёд расид, ки фармудааст: «Адабиёт зинда бошад, миллат зинда аст».
Имрӯз дар Бухоро мактабҳои тоҷикӣ ба дараҷаи нестӣ расидаанд. Ҳарчанд дар мамлакати кӯчаки бухороиён — оила шеваи форсии тоҷикӣ ҳанӯз мақоми баланд дорад, чунин ба назар мерасад, ки  адабиёти форсии тоҷикӣ дар ин сарзамин оянда надорад.
Дар ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.
фармудааст Шайх Саъдӣ. Умед аст, ки рӯзгоре фаро мерасад ва Бухоро аз нав ба форсигӯёни дунё забон ва дарси илму адаб меомӯзад.


А. СУБҲОН,
муҳаррири бахши адабиёт 
ва санъати рӯзнома.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: