ДАР НОҲИЯИ БӮСТОНЛИҚ БА ТАРИҚИ ОЗМОИШ БА ТАПЧАНҲО АНДОЗ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Аз 1 майи соли 2020 дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд таҷрибаи андоз ҷорӣ карда мешавад.

Ин дар қарори дахлдори Девони Вазирон аз 20 феврали соли 2020 нишон дода шудааст.
Вилояти Тошканд минтақаи дорои потенсиали баланди сайёҳӣ мебошад. Дар ноҳияи Бӯстонлиқ объектҳои зиёди барои меҳмонони  ӯзбекистонӣ ва хориҷӣ ҷолиби диққат ҷойгир шудааст. Аз ин рӯ, барои озмоиш маҳз ин ноҳия интихоб шуд.
Мувофиқи ин ҳуҷҷат, мотосиклҳои обӣ, квадрасиклҳо, параплан ва делтапланҳо, инчунин катҳои нишаст ва объектҳои ба ин монанди ба иҷорадодашавандаи истироҳатӣ ба манбаъҳои даромади шахсони ҷисмонӣ мансуб буда, андоз ситонда мешаванд. Дар доираи озмоиш, тамоми объектҳои амволи манқул ва ғайриманқул бо додани сертификати дахлдор (шаҳодатнома) ба қайд гирифта мешаванд.
— Ин навоварӣ тақозои замон аст, — мегӯяд  муовини сардори раёсати КДА Султон Обидов. — Он ба содда кардани тартиби баҳисобгирии объектҳои андозбандишаванда, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳтар кардани доираи хизматрасонии сайёҳӣ дар вилояти Тошканд равона шудааст. Аз ин рӯ, мутахассисони Кумитаи давлатии андоз бо ҳамкоронашон аз  Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ аз наздик ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Дар рӯзҳои наздик  дар шаҳри Ғазалкент,  ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Дӯстлик, Сиҷҷак ва Навобод чор нуқтаи такягоҳии андоз пайдо мешавад, ки кормандони онҳо раванди баҳисобгирии объектҳои амволи манқул ва ғайриманқулро, ки дар қарор нишон дода шудааст ва бояд андозбандӣ шаванд, оғоз хоҳанд кард. Вазифаи озмоиш мусоидат намудан ба саривақт, инчунин иҷрои пурра ва дурусти ӯҳдадориҳои андозсупорандагон мебошад.
Талаботи ин қарор нисбати шахсони ҷисмоние, ки дар меҳмонхонаҳои оилавӣ хизмат мерасонанд, татбиқ намегардад. Аз ин рӯ, дар баробари ин, мақоми ҳуқуқии бӯстонсароҳо, коттеҷҳо ва дигар амволи ғайриманқуле, ки ба иҷора дода шуда, ҳамчун хонаи меҳмони оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, омӯхта мешавад. Иттилооти ҷамъоваришуда на танҳо ба пойгоҳи маълумотҳои Кумитаи давлатии андоз ворид карда мешавад, балки инчунин барои ҳама хоҳишмандон дастрас карда мешавад. Барои ин, КДА якҷоя бо Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Платформаи ягонаи электрониро таҳия менамояд. Маълумот дар бораи нақлиёти обӣ, техникаи  чанаи рӯйи барф, квадрасиклҳо, параплан ва делтапланҳо, инчунин тапчанҳо ва ҷойҳои истироҳатӣ метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб кунанд.

Хидмати матбуоти Кумитаи давлатии андоз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: