Дар ноҳияи Касбӣ боз як маҳалла обод карда шуд

  • Дар ноҳияи Касбӣ боз як маҳалла обод карда шуд

Президент Шавкат Мирзиёев ба маҳаллаи "Қамашӣ"-и ноҳияи Касбӣ ташриф овард.

Дар ин ҷо зиёда аз 6 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо барномаи «Обод қишлоқ» амалӣ карда шудааст.

Дар қад-қади роҳе, ки ба маҳалла мебарад, зиёда аз 40 нуқтаи савдо ва хизмати маишӣ аз конструксияҳои сабук сохта шудааст. Дар натиҷа қариб 200 кас бо кор таъмин гардидааст.

Хонаҳо бо қувваи барқ, гази табиӣ ва оби нӯшокӣ таъмин карда шудаанд. Зиёда аз 8 километр асфалтпӯш, зиёда аз 18 километр роҳҳои дохилӣ бо регу шағал пӯшонда шудааст.

Сарвари давлат бо шароити маркази маҳалла шинос шуда, маҳфилҳои эҷодию варзишии кӯдаконаро аз назар гузаронд.

— Натиҷаи ҳамин гуна корҳо мебошад, ки маҳалла дигаргун мешавад, одамон дигаргуниҳоро ҳис мекунанд. Акнун ин марказ бояд ба мардум хизмат кунад, бояд ҳамеша серодам бошад. Хизматрасониро бештар ба роҳ мондан, ҷавононро ба варзиш, маҳфилҳои гуногун ҷалб кардан лозим аст, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Имсол 600 нафар занон дар асоси хонакорӣ ба истеҳсоли маҳсулоти дузандагӣ ҷалб карда шуданд.

Дар асоси кооператсия дар 50 хоҷагӣ дар инкубаторҳо парвариши чӯҷаҳо ташкил карда шудааст. Дар 300 хоҷагӣ парвариши мурғ барои гӯшт ва дар 200 хоҷагӣ мурғ барои тухм ба роҳ монда мешавад.

Дар суҳбат бо фаъолони ноҳия масъалаҳои таълиму тарбия ва бо кор таъмин намудани ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Сарвари давлат бо зикри он, ки ноҳияи Касбӣ аз қадим бо мактаби беназири кулолгарӣ ва қолинбофӣ шӯҳрат дорад, ба иттиҳодияи «Ҳунарманд» дастур дод, ки ин соҳаҳоро дар ноҳия рушд диҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: