Дар арафаи ҷашни солинавӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони овули «Актуба»-и ноҳияи Кегейлӣ корхонаи «Aqtuba textil group» кори худро оғоз кард.
Раиси Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон А.Оринбоев ва ҳокими вилояти Андиҷон Ш.Абдураҳмонов ба сухан баромада, ҳозиронро бо кушодашавии корхонаи нав табрик намуданд.
Қимати умумии лоиҳа 30 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, пешбинӣ шудааст, ки 500 бонувон бо кор таъмин шаванд. Ҳоли ҳозир аллакай 393 нафар занону духтарон соҳиби кор шудаанд. Иқтидори солонаи истеҳсолии лоиҳа 2,4 миллион адад либос мебошад.
Корхона бо Федератсияи Русия қарордоди солона имзо кард ва алҳол сарулибосҳои босифати мардона, занона ва бачагона истеҳсол мекунад. Кушодашавии корхонаи нав барои сокинони ноҳияи Кегейлӣ, бахусус бонувони он ҷашни ҳақиқӣ гардид.
Довуд АБИБУЛЛОЕВ,
хабарнигори ӮзА.