ДАР НОҲИЯИ РИШТОН КӮДАКИСТОН НАВ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

24 сентябр дар маҳаллаи Учариқи ноҳияи Риштон меҳмонони зиёд гирди ҳам омада буданд.

24 сентябр дар маҳаллаи Учариқи ноҳияи Риштон меҳмонони зиёд гирди ҳам омада буданд. Дар ин ҷо маросими тантанавии кушодашавии муассисаи томактабии нав дар фазои мутантан баргузор гардид. Ин кӯдакистон аз шумори муассисаҳои таълимие мебошад, ки сохтмон ва муҷаҳҳаз кардани онро ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини молӣ намудааст.
Дарвоқеъ, баъди ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018  ва анҷоми дидору гуфтугӯҳои ӯ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон шартномаҳои зиёд ба имзо расиданд. Ин муассисаи томактабӣ маҳсули ҳамон ташрифи Президенти мамлакатамон ба Тоҷикистон мебошад.  
Бинои кӯдакистоне, ки дар ноҳияи Риштон сохта шудааст, маҳз натиҷаи ҳамин созишнома мебошад. Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода Саидалӣ, сафири Тоҷикистон  дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агриппина Шин, муовини ҳокими вилояти Фарғона Файзулло Қосимов ва дигар шахсони расмӣ ширкат карданд.
Ба гуфтаи вазири таълими томактабии Ӯзбекистон Агриппина Шин имрӯз як гурӯҳ фарзандони аҳолии ноҳияи Риштон ба ин бинои зебову дилпазир пазируфта ва ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. 
– Ин кӯдакистонро рамзи дӯстиву рафоқати мардуми ду кишвар ва ду мамлакат метавон арзёбӣ кард, – иброз намуд вазир Агриппина Шин.
Муҳаммадюсуф Саидалӣ дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон изҳор кард, ки он самараю натиҷаи дӯстиву рафоқати миёни ду кишвар таҳти сарварии президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошад.
– Бар ивази сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат дар ҷодаи илму фарҳанг, санъату ҳунар низ ҳамкориҳои миёни ду кишвари ҳамҷавор беш аз пеш тавсеа меёбанд. Созишномаҳои зиёде, ки ба имзо расидаанд, сарчашмаи ҳамин ҳамкориҳои тоҷикону ӯзбекон аст, – қайд намуд Муҳаммадюсуф Саидалӣ.
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини ҳокими вилояти Фарғона Файзулло Қосимов, мудири кохи фарҳангии тоҷику ӯзбеки вилояти Фарғона Турсунхӯҷа Абдураҳмонов ва дигарон низ дар маросим баромад карданд ва аз мустаҳкамшавии дӯстиву рафоқати миёни ду кишвар бештар ҳарф заданд. 
Ин бинои кӯдакистон “Капалак” ё “Шабпарак” унвон гирифтааст ва бо гунҷоиши 200 нафар бунёд гардидааст. Инчунин ба он бар асоси озмун 53 нафар ба кор пазируфта шудаанд, ки 12 нафари онҳоро омӯзгорони соҳиби маълумоти олӣ ташкил мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар ин ноҳия дар маҷмӯъ 166 кӯдакистон фаъолият мекунад, ки 104-тои он аз шумори муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ маҳсуб меёбанд. 
Таъкид ёфт, ки аз ҷамъи муассисаҳои томактабии ғайридавлатии ноҳияи Риштон 95-тои онро кӯдакистони оилавӣ, 6-тои онро кӯдакистони шарикии давлатию хусусӣ ва 3-тои онро пурра хусусӣ ташкил менамоянд. Дар муассисаҳои томактабии ноҳия 10 ҳазору 90 нафар тарбиячиён ва дар муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ 3 ҳазору 295 нафар ба кор ҷалбу ҷазб шудаанд. 
Сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар ҳоли ҳозир 81,5 дарсад буда, интизор меравад, ки то охири сол ин нишондиҳанда ба 85 дарсад боло хоҳад рафт. 
Ногуфта намонад, ки имзои чунин созишномаҳо мусоидат намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд низ бинои мактаби таълимоти умумиро сохта, барои баҳрабардорӣ қарор диҳад. 
Ӯзбекистон бошад, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон сохтумони бемористон ва муҷаҳҳаз намудани онро бар ӯҳда дошт ва баъди анҷоми сохтумон онро ба пизишкону аҳолии ин ноҳияи Тоҷикистон тақдим кардааст. Инчунин дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сохтмони як мактаби таълимоти умумӣ аз тарафи Ӯзбекистон маблағгузорӣ шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: