ДАР НОҲИЯИ СӮХ ДИГАРГУНИҲОИ ЗИЁД РУХ МЕДИҲАНД

Мувофиқи қарори Президенти мамлакатамон “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” дар ин ноҳия корҳои зиёд ба анҷом мерасанд.

Мувофиқи қарори Президенти мамлакатамон “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” дар ин ноҳия корҳои зиёд ба анҷом мерасанд. Ин мусоидат менамояд, ки сафи бекорон дар ноҳияи дурдасти Сӯх коҳиш бинад. Дар ин бора ҳокими ноҳия Саидбаҳром Саидмӯсоев зимни баргузории ҷамъомади видеоӣ ба ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев маълумот дод.
Вай гуфт, ки дар ин рӯзҳо қадоқкунии оби чашмаи деҳаи Чашма шурӯъ гардидааст. Дар ин корхона аллакай як гурӯҳ ҷавонон ба кор таъмин шудаанд. Оби софи чашма баъди қадоқкунӣ ба соири минтақаҳои вилоят барои фурӯш фиристода хоҳад шуд.
Ҳокими ноҳия тазаккур дод, ки соҳибкорони ноҳия бори нахуст дар яке аз ҳавзҳо парвариши гулмоҳиро ба роҳ монданд. Дар ояндаи наздик маҳсули кори ин соҳибкорон ба чашм намоён хоҳад шуд. Барои мардуми ноҳияи дурдасти Сӯх роҳандозии ин кор хеле хушоянд аст, зеро мардум барои истеъмол моҳиро аз маркази вилоят харидорӣ карда  меоранд.
Бар асоси қарори сарвари давлатамон дар ноҳия сохтмони майдони ҳавоӣ бо суръат идома дорад. Дар ин ҷо як гурӯҳи сохтмончиён барои зудтар ба анҷом расонидани ин кор зарбдорона меҳнат мекунанд. Интизор меравад, ки мардум зимни равуо ба маркази вилоят аз роҳи ҳавоӣ низ истифода хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Саидбаҳром Саидмӯсоев мактаби таълимоти умумии рақами 5, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сарибозорча соҳиби бинои иловагӣ мешавад. Гунҷоиши ин бино барои 240 нафар муқаррар шудааст.
– Бо вуҷуди он ки дар ин мактаб таълиму тадрисро дар ду баст ба роҳ мондаанд, вале дар ин даҳсолаи охир ба далели афзоиши теъдоди донишомӯзон камбудии синфхонаҳо ҷиддан эҳсос мегардид. Сохтмони бинои иловагӣ ин мушкили маъмурияти мактаби мазкурро рафъ хоҳад сохт, – изҳор кард ҳокими ноҳия.
Гуфта мешавад, ки азхудкунии 1 ҳазору 448 гектар замини мавзеи Қайроқ имкон хоҳад дод, ки як қисми аҳолии ноҳия дар ин ҷо ба кишту парвариши зироат ва бунёди боғи мевадиҳанда машғул шаванд. Дар ин ҷо бунёди стансияи насоси обкашӣ ба роҳ монда мешавад ва ин насос аз зери замин барои обёрии мавзеи мазкур об хоҳад кашид.
Саидбаҳром Саидмӯсоев таъкид кард, ки обёрии 50 гектар замини бекорхобида низ мусоидат хоҳад кард, ки як гурӯҳ одамон ниҳолҳои бодом, писта ва чормағз парвариш кунанд.
Дар давраи пахши пандемияи коронавирус ба ходимони муассисаҳои тиббии ноҳия 550 миллион сӯм маоши иловагӣ пардохт карда шуд. Дар баробари ин 14 ҳазор сокинони ноҳия аз пардохтани 2 миллиарду 300 миллион сӯм андози замин озод карда шудаанд.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: