Корхонае, ки дар ин ноҳия ба истеҳсоли равған ихтисос дода шудааст, марбути кластери пахтаву нассоҷии «Expo Kollor Prin Tex» мебошад.
Тавре ки ҳокими ноҳияи Тошлоқ Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев гуфт, ҷорӣ гардидани низоми нави кластер барои коркарди ашёи хоми пахта то маҳсулоти тайёр имкониятҳои хеле фаровонеро фароҳам овардааст.
– Ман то таъйин шудан ба мақоми ҳокими ноҳия бо соҳибкорӣ машғул будам. Ҳоло беш аз се сол аст, ки дар ин мақом вазифа анҷом медиҳам. Мо бо парвариши тарзи кластерии кишти пахта машғулем. Деҳқонони ноҳияи мо ҳар сол дар бештар аз 5 ҳазор гектар кишту парвариши пахтаро ба роҳ мемонанд. Тамоми корҳои вобаста ба парвариши пахта дар асоси қоидаҳои замонавии агротехникӣ гузаронида шуд, – мегӯяд Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев, – сол аз сол нақшаҳои шартномавиро мардуми ноҳия сарбаландона иҷро мекунанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Сарвари давлатамон аз низоми нав – кластер бо ҷидду ҷаҳд пуштибонӣ мекунад ва самараи он низ сол аз сол рӯ ба афзоиш овардааст. Кластер маҷмааҳои бузурги истеҳсолиро дар шакли занҷир анҷом медиҳад. Яъне дар ин ҷараён ашёи хоми пахта ба маҳсулоти тайёри мавриди истеъмол ва истифодаи мардум табдил меёбад. Дар натиҷа зиёд шудани ҷойҳои нави корро ба мардум фароҳам оварда, манбаи даромад низ гардидааст.
Ҷӯрабоев илова кард, ки ба туфайли корбасти чунин як корхонаи кластери пахтаву нассоҷии «Expo Kollor Prin Tex» дар ноҳия мардуми зиёд бо кор таъмин карда шуданд. Дар айни ҳол дар корхонаи мазкур 280 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд, ки аъзои хонаводаҳои зиёдро бо манбаи даромади доимӣ ва зиндагии фаровон таъмин мекунад. Ҳадафи асосии сиёсати давлати мо таҳти раҳнамоии Шавкат Мирзиёев маҳз таъмини мардум бо ҷойи кори муносиб ва маоши мувофиқ аст. Хушбахтона, ин рисолати наҷибро кластери пахтаву нассоҷии «Expo Kollor Prin Tex» хеле хуб анҷом медиҳад.
Дар ин кластер коргарон бо ресандагӣ, бофандагӣ, рангкунии матоъ, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, коркарди тухмӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри дигар низ машғул мебошанд.
– Арзиши лоиҳаи мазкур 78,3 миллиард сӯмро ташкил мекунад. Муассисони корхонаи «Expo Kollor Prin Tex» 38 миллиард сӯмро аз ҳисоби даромади худ ва 3,7 миллион доллари амрикоиро аз ҳисоби кредите харҷ намуданд, ки “Микрокредитбанк” ҷудо кардааст, – гуфт Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев.
Иқтидори солонаи истеҳсоли равған дар ин кластер 15 ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Барои истеҳсоли равған аз чигити коркардшуда, офтобпараст, инчунин аз зироати дигари равғандор истифода мекунанд. Ин ҷо дар баробари равғани соф, кунҷора ва шулха низ тавлид карда мешавад.
Интизор меравад, ки дар давоми як сол ин корхона ба маблағи 225 миллиард сӯм равған истеҳсол мекунад. 280 нафар коргарон дар се баст бо кор машғул мебошанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.