ДАР НУҚУС – МЕҲМОНХОНАИ «ТОШКЕНТ»

Дар Нуқус меҳмонхонаи сеситорадори «Тошкент» ба истифода супурда шуд.

Мувофиқи маълумоти идораи ҳудудии қароқалпоқистонии Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ баъд аз кушодашавии ин меҳмонхона миқдори чунин муассисаҳо дар Қароқалпоқистон ба 32 адад расид.
Бино бар Барномаи чораҳо оид ба рушди сайёҳии барои солҳои 2018-2019 пешбинишуда, ки аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ гардид, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон  бунёди 8 меҳмонхона ва 3 хаймаи меҳмонқабулкунӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи таклифи ҳокимияти ноҳияи Мӯйноқ дар назди кӯли Судоче минтақаи истироҳат бунёд мегардад. Дар ин ҷо низ бунёди хаймаи меҳмонқабулкунӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷониби ташаббускорон сохтмони маҷмӯи сайёҳӣ дар соҳили кӯли Аччиқкӯли шаҳри Нуқус низ дар назар дошта мешавад. Бобати сохтмони меҳмонхонаи сеошёна дар назди кӯли Ақчакӯли ноҳияи Элликқалъа корҳо идома доранд. Алҳол дар ҳудуди кӯли Ақчакӯл 9 хайма, тарабхона сохта шуданд. Ғайр аз ин дар ноҳияи Қонликӯл барои парвариши моҳӣ кӯли сунъӣ, дар ҷазираҳои кӯчаки маркази кӯли мазкур бошад, хаймаҳо ташкил карда шудаанд.
Хаймаҳои меҳмонқабулкунӣ дар ҳудуди ёдгориҳои қадимии археологии Қароқалпоқистон – Аёзқалъа ва Тупроққалъа, ҳатто дар соҳили баҳри Арал – дар 400 километр дуртар аз шаҳри Нуқус ҳам бунёд шуданд, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд. Дар ноҳияҳои Қӯнғирот ва Мӯйноқ бошад, бори аввал хонаҳои меҳмонқабулкунӣ бунёд шуданд.
– Ин бинои 11  ошёна солҳои дароз холӣ буд, – мегӯяд ҳокими шаҳри Нуқус Парахат Торешев. – Баъди ба савдои музояда мондан онро корхонаи хусусии «KKRASI BETON» бо арзиши «сифрӣ» ва шарти сармоягузориву фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ харид. Инак дар фурсати кӯтоҳ меҳмонхонаи дорои 63 ҷой, аз ҷумла ҷойҳои табақаи олӣ ба истифода супурда шуд.
Дар меҳмонхона барои 30 нафар ҷойи доимии корӣ фароҳам омад.

Есимхон ҚАНОАТОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: