ДАР НУРАФШОН АВТОВОКЗАЛИ ЗАМОНАВӢ БА КОР САР КАРД

Бо мақсади куллан беҳтар кардани инфрасохтори нақлиёти вилояти Тошканд як қатор лоиҳаҳои калон амалӣ карда мешаванд.

Бо мақсади куллан беҳтар кардани инфрасохтори нақлиёти вилояти Тошканд як қатор лоиҳаҳои калон амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Нурафшон автовокзали замонавии «Нурафшон» ба истифода дода шуд.
Дар чорабинии ба ин муносибат ташкилшуда ҳокими вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов, ҳокими шаҳри Нурафшон Музаффар Солиев, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, фаъолон, намояндагони насли калонсол, мутахассисони соҳа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Дар тӯли солҳои охир Нурафшон ба майдони азими сохтмон табдил ёфт. Қайд карда шуд, ки автовокзали нав низ ба халқамон самаранок хидмат хоҳад кард. 
Автовокзал қариб 1 гектар масоҳат дорад. Иншооти навро ҶММ “Давр-Транс-Плюс” сохтааст. Бино дорои ҳуҷраҳои алоҳида барои маъмурият ва таъсисчиён, утоқи модару кӯдак, ошхона, кассаҳо бо ҳаракати дутасмагӣ ва утоқҳои истироҳати ронандагон мебошад. Дар атрофи бино 6 камераи назоратӣ насб карда шудааст.
— Гирду атрофи автовокзал обод карда шуда, дар ин ҷо мағозаҳои дуошёнаи замонавӣ сохта мешаванд, — гуфт сардори Раёсати нақлиёти вилояти Тошканд Садриддин Шоқосимов. — Дақиқтараш нуқтаҳои савдои дар маркази Нурафшон воқеъгардида, ба ҷои нав кӯчонда мешаванд. Даҳлезҳои махсус барои вуруд ва баромад, инчунин таваққуфгоҳи мошинҳо сохта шудаанд. Корхонаи хусусии «Юлдуз-С.Х.» аз ҳисоби қарзи бонки тиҷоратӣ автобусҳои калонро мустақиман аз Чин интиқол додааст. Аз имрӯз аз автовокзали марказӣ микроавтобусҳои тамғаи “Газел”-и ҶММ “Давр-Транс-Сервис” ва “Isuzu”-и ҶММ “Давр-Транс-Плюс” ҳаракат мекунанд.
Ҳамин тавр, мувофиқи ҷадвали ҳаракати Раёсати нақлиётии вилояти Тошканд, аз автовокзали нав бинобар  хатсайрҳои «Нурафшон - Кӯйлиқ-591», «Нурафшон - Алимкент-345», «Бургалик - Кӯйлиқ-423», «Нурафшон - Қайтмас-437», инчунин автобусҳои «Алихан-Транс», ки дар масири «Нурафшон - Кӯйлиқ - Чирчиқ - 522» ҳаракат мекунанд. Ғайр аз ин, тамоми воситаҳои нақлиёте, ки тавассути қаламрави Нурафшон ҳаракат мекунанд, инчунин ба мусофирон тавассути автовокзали нав хидмат хоҳанд расонд.
Бояд гуфт, ки дар автовокзал барои сокинони вилояти Тошканд, ки мехоҳанд аз шаҳри Нурафшон ба Самарқанд, Бухоро, Хоразм ва дигар шаҳрҳои сайёҳӣ раванд, дар асоси лоиҳаи «Саёҳат саросари Ӯзбекистон» тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст . Аз ҷумла, мусофирон дар ихтиёри худ автобусҳои калони дорои шароити мусоиди замонавӣ, ки барои 53 ҷой пешбинӣ шудааст, доранд.
Чи хеле ки мутахассисон таъкид менамоянд, яке аз лоиҳаҳои бузурги навбатӣ пайвастани маркази вилоят – шаҳри Нурафшон бо тамоми марказҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ мебошад. Кор дар ин самт босуръат идома дорад. Автовокзали нав барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамчун пойгоҳ хидмат хоҳад кард.

 Абдулазиз МУСОЕВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: