Пойдор гардондани ҳамфикрии байналмилалӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлатӣ гардидааст.
Дар кишвари мо, ки намояндагони зиёда аз 100 миллат дӯстона зиндагӣ мекунанд, анъана ва арзишҳои миллии онҳо дар қонунгузорӣ низ муайян карда шудаанд.
Аз ҷумла, 85 сол мешавад, ки аҳолии ба милллати корейс мансуб ба хоки ватанамон қадам гузоштааст. Ба ин муносибат дар Маркази мадании вилоятӣ, воқеъ дар ноҳияи Давлатобод чорабинии маънавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» на танҳо ҳамватанони ба миллати корейс мансуб, балки намояндагони қариб 10 миллат даъват карда шуданд. Дар намоишгоҳе, ки марказҳои мадании тоҷик, рус, қирғиз ва корейс ташкил кардаанд, расму оин, фарҳанг ва ҳунари мардумии ҳар як миллат ифода ёфтааст. Иштирокчиёни чорабинӣ ҳангоми шиносоӣ бо ашёҳои ба намоиш гузошташуда, бо урфи одат ва либосҳои миллии ҳар як миллат ошно гардиданд.
Баромади Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Галина Шин ва суруду рақсҳои сарояндагони ансамбли миллии корейс, иштирокчии якчанд озмуни байналхалқӣ «Асадал» ба тамошобинон писанд омад.
Қаноатмандии чеҳраи миллатҳои гуногун, ки барои иштирок ба чорабинӣ омадаанд, гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз онҳо орому осуда умр ба сар мебаранд. Новобаста аз он, бо кӣ суҳбат мекардем, мегуфт, ки аз ҳукумат барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба халқамон миннатдор аст.
– Дар Намангон таваллуд шуда, ба воя расидам. Дар мактаб муаллимӣ кардам, – мегӯяд Галина Сой. – Бо ҳамсояҳо муносибати нағз дорем. Тӯйу маросимҳоямон бе ҳамдигар намегузарад. Оши наҳор, шабнишиниҳо ё рӯзҳои таваллудро мо ҳамеша якҷоя ҷашн мегирем. Ман як одати халқамонро қадр мекунам. Ширинтарин таомро бо ҳамсоя ва наздиконаш баҳам мебинад. Дар чорабинии имрӯза низ мебинем, ки ҳама аз ҳаёти имрӯзаи худ қаноатманданд. Воқеаҳои ноороми ҷаҳонро шунида, шукр мегӯям, ки дар Ӯзбекистони орому осуда зиндагонӣ мекунам.
Сурудҳои бо забонҳои гуногун иштирокчиёнро шод гардонд.
Ба ҳунармандон ва фаъолони марказ, ки дар чорабинӣ фаъолона ширкат варзиданд, тӯҳфаҳои хотиравии ҳокимияти вилоят ва ноҳияи Давлатобод тақдим карда шуд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.