ДАР ОҒӮШИ КӮҲСОР

Сафари банда ба кӯҳистон имсол дар охири тобистон воқеъ афтод.

Мошини мо як субҳи босафо  деҳоти тахту ҳамвори Поёнро тай намуда, ба Боло ҳаракат кард. Аввал каме дар ноҳияи Узун, хеле дар Сариосиё ва андаке дар қаламрави ноҳияи Деҳнав ҳаракат кардем.
Сипас мошин ба рост тоб хӯрда, ба як деҳаи навбунёд наздик шуд. Ин ҷо даҳҳо хонаҳои нав қомат рост кардаанд. Ин заминҳои ноҳияи Деҳнав ва ин сокинон – мардуми Хондизаанд.
Чун чанде пеш дар деҳаи Хондиза хавфи кӯчидани ҷар ба вуҷуд омад, як қисми аҳолии деҳаро ба заминҳои тахту ҳамвори Поён кӯчонданд. Ин дар рӯзҳои гарми тобистон  сурат гирифта буд. Мардуми ба ҳавои салқин одаткардаи кӯҳистон дар он  гармои тобистон бо як қаҳрамонӣ ба сохтани ҷою манзил оғоз намуданд ва дар зимистон аллакай дар хонаҳои нави худ мезистанд.
Аз ибтидои соли ҷорӣ деҳаҳои кӯҳии Деҳсурх, Хондиза, Хоҷаасмин, Чош, Пасти Калон, Пор, Пушти Варақ, Карсак, Кӯзияк, Урах, Маланду Карш ва тамоми чарогоҳҳои кӯҳӣ, ки бештар аз 11664 гектарро дарбар мегирад, ба ҳисоби  ноҳияи Сариосиё гузаронда шуд. Шояд ин ҳам ҳикмате дорад ва шояд ягонагии деҳаҳои кӯҳӣ хуб аст. Дар ҳар сурат кӯҳистон ҳамеша манзилу макони хешу табори мо, қадамҷою хокдони бобою бибиёни мо мебошад. 
Роҳи чун кафи даст тахту ҳамворро тай намуда, деҳаҳои Қарашулуку Манораро гузашта ба кӯҳсор наздик шудем. Сари ҳар қадам мошинҳои боркаши хурду бузурги замонавӣ ва сабукравҳои мусофиркаш рӯ ба рӯ меомаданд. Кенггузару  Осиёи Нелу ва Нелуи Навро ҳам гузаштем.
Дарёи шӯхи кӯҳӣ бо фиғон худро ба харсангҳо зада ҷорӣ мешавад. Ду тараф кӯҳҳои сар бафалаккашида. Инак, деҳаи Деҳи Бодом пеш омад. Роҳи нав аз поёни деҳа мегузарад. Дар боло иморатҳои кӯҳнашудаи Хонаи истироҳат, ки солҳои пешин аз ҳар гӯша одамон омада дам мегирифтанд, аз ҳавои тоза баҳра мебурданд. Он шароити хеле хуб дошт.
Табиат аҷиб аст. Ҳамин ки чанд қадам аз Деҳи Бодом берун шудед, замин ва кӯҳу пуштаҳои суп-сурх ба назар мерасанд. Ин Деҳи Сурх аст. Деҳа беморхонаю мактаб дорад. Мардум барои худ хонаҳои зебою замонавӣ сохтаанд, ки аз биноҳои Поён кам нестанд. Ин ҷо мувофиқи номаш замин суп-сурх аст.
Гузаштани деҳаи Хондиза андаке ҳузнангез аст. Оғози деҳа манзараи каме нохуш дорад. Ҳанӯз осори он хонаҳое, ки мардумаш ба поён кӯчиданд, боқист. Девори  похсагини иморатҳои хурд, танӯру  дегдончаҳо, тавораҳои аз шох бофташуда, пойдевори хонаҳо нишоне аз зиндагии мардум ва саргардониҳои онҳост, ки то сохта шудани биноҳои нав дар таҳдашт басо ранҷ кашидаанд...
Вале қисми дуюми деҳа ободтар мебошад. Мактаби нав қад кашида, биноҳои истироҳатгоҳи мактаббачагон хушсифат таъмир гардидааст. Аҳолӣ анборхонаи худро дораду меваро он ҷо нигаҳ медоранд, тамоми сол, то пухтани ҳосили нав мардуми Поёнро бо себу нок таъмин мекунанд.
Деҳаи Хоҷаасмин (аслан Хоҷааспбон) деҳаи калонтарини Дараи Ниҳон бошад. Роҳ нисбат ба солҳои пешин хеле ҳамвор ва васеъ шудааст. Ҳатто ду мошин гузашта метавонад. Дар роҳи ағба танҳо қисмати Чорчилликаро илоҷи таъмир кардан нест. Вай табиатан мисли он аст, ки гӯё семент карда бошанд.
Ана, Хурсанддара намоён шуд. Аҷоиб дарае, гумон мекунед, ки биҳишт аст. Ягон ҷойи он холӣ нест. Дар қисми поён боғҳои себу дарахтони дигар, дар баландӣ ҷангалҳои бурсу арча. Раҳораҳ, то расидан ба деҳаи Чош дар ҳарҷо-ҳарҷои ағба, ҷое, ки об ҳаст, мардум картошка коридаанд. Гиёҳбуттаи ҳамешасабз дар ҳар қадам вомехӯрад. Кӯҳистониён нӯшобаи онро ба дарди гурда даво мегӯянд.
Дарахтони себу нок, ки хеле дуртар аз деҳаи Чош, дар саршавии ағба қад кашидаанд, чунон серҳосиланд, ки шохҳояшон ба замин мерасанд, меваашон чандон калон нест, зеро ҳосилашон бисёр. Нок ҳам ҳамин тавр.
Гузаштан аз деҳоти Чошу Пасти Калон ва Пор душвориҳо дорад. Роҳҳо ноҳамвор, дар баъзе ҷойҳо оби аз боғҳо ҷоришаванда роҳро хароб кардаанд. Ҳар чӣ ҳам бошад, файзу барака зиёд аст.
Дар деҳаи Пушти Варақ ҳар як хонавода чандин боғ дорад. Имсол аз серҳосилӣ себи калони нимкилоӣ ба себи дусадграммӣ табдил ёфтааст.
– Имсол ҳосил зиёд,– мегӯянд бародари мо Аҳмадбой Мухторов. – Худо кунад, ки то ҷамъоварии ҳосили боғҳо обу ҳаво хуб бошаду роҳи мошингард баста нагардад. Меваҳо харидори худро ёбанд, мардуми кӯҳсор бедаромад намонад.
Ягона  таъғироте, ки дар Пушти Варақ мушоҳида кардем, баланд садо набаровардани шаршараи Оби дуконҳо буд. Солҳои пеш аз овози баланди онҳо кӯҳҳо акси садо медоданд. Имсол ҳаво камбориш, тобистон гарм буд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад. 
Мактаби нав ба ҳусни деҳа ҳусн мебахшад. Дар деҳаи Пушти Варақ аз ҳисоби оилаҳои нав хонаҳои нав пайдо мешаванд. Қисми зиёдашон даруни боғ ҷой мегиранд. Чӣ оилаҳои калон ва чӣ хурд ҳама меҳмоннавозанд. Гоҳо аз кас хафа мешаванд, ки чаро меҳмони хонаи мо нашудед?
Боре дар хонаи акаи Аъзамқул меистодем, аммо Мавҷуда ва акои Саъдуллои Мелибоев таклиф карда буданд. Чӣ илоҷ кунем? Вақте ки акои Аъзамқул барои  адои намози аср хестанд, гуфтам:
– Биё, мегурезем. Мавҷуда хафа мешавад.
Ва мо оҳиста ба поён нишеб шудем. Вале чӣ мегӯед, ки дар нисфи роҳ як пои ман хаста шуд. То хонаи Мавҷуда базӯр рафтам.
Он қадар меҳру оқибат, одамгарӣ, меҳмоннавозӣ мекунанд, ки дар Поён кайҳо фаромӯш шудааст. 
Манзараҳои аҷиб дорад кӯҳистон. Аммо кӯҳистониён чӣ дар чорвопарварӣ ва чӣ дар деҳқонию боғдорӣ сахт заҳмат мекашанд. Дар тобистон ҷавонон дар теғаҳои баландтарини кӯҳ гӯсфанд мечаронанд. Вақте ки меҳмони акаи Аъзамқул будем, писарашон Яҳё танҳо ба гӯсфандбонӣ рафта буду шаби дароз модараш – янгаи Холбибӣ хавотир мекашид.
– Дар он ҷойҳо гургҳо бисёранд, паланг ҳам ҳаст,–  мегуфт падари ӯ.
Хушбахтона, пас аз се рӯз Яҳё сиҳҳату саломат баргашт. 
Зиндагии серу пур доранд мардуми кӯҳсор, чашмашон сер аст.
Ин ҷо як самимият, меҳру муҳаббатро эҳсос мекунед. Илоҳо зинда бошанд, ки доимо меҳрубонанд.
Имсол боғҳои Арғеби Карсак, Замини Тӯқ, Боғи Мирзо ва ғайра, оби дуконҳоро бо ёрии дурбин дидам. Ҳосили себу чормағз хеле зиёд буд. Илоҳо, меҳнати мардум барбод нагардад, ҳаво нағз шавад, мегуфтам худ ба худ. 

Ӯ. ҶӮРАБОЕВА,
вилояти СУРХОНДАРЁ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: