Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев бамаврид таъкид кардааст: «Сарвати бузургтарини дунё дониш ва касбу ҳунарест, ки дар ҷавонӣ фаро гирифта шудааст». Соли сипаришуда дар соҳаи таълими халқ низоми таълими 11-сола ба роҳ монда шуд. Бинобар ин, дар соҳаи таълим дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад, аз ҷумла, беш аз 475 270 нафар хатмкунандагони синфи 9 ба таълими синфи 10 ва зинаи якуми литсейҳои академӣ фаро гирифта мешаванд.
Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев бамаврид таъкид кардааст: «Сарвати бузургтарини дунё дониш ва касбу ҳунарест, ки дар ҷавонӣ фаро гирифта шудааст».
Соли сипаришуда дар соҳаи таълими халқ низоми таълими 11-сола ба роҳ монда шуд. Бинобар ин, дар соҳаи таълим дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад, аз ҷумла, беш аз 475 270 нафар хатмкунандагони синфи 9 ба таълими синфи 10 ва зинаи якуми литсейҳои академӣ фаро гирифта мешаванд.
Чорабиниҳои ҷамъбасти соли хониш дар ҷойҳо таҳти шиори «Дар оғӯши мактаби азизи худ барои донишандӯзӣ, ҷустуҷӯи доимӣ, навигарӣ, фатҳи қуллаҳои тараққиёт бо саъю ҳаракат зиндагӣ мекунем» гузаронда шуданд. Донишомӯзоне, ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, озмунҳои мусиқӣ, мусобиқаҳои варзиш, озмуни донишҳо, олимпиадаи инноватсионӣ, «Умид ниҳоллари» ширкати фаъол доштанд, ҳамчунин, онҳое, ки таҳсилро бо баҳои аъло ба поён расонда, дорои хулқи намунавианд ва аз имтиҳонҳои назорати зинавӣ озод гардидаанд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Аз соли нави таҳсил донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ ба низоми таълими панҷрӯза сафарбар карда мешаванд, ки барои истироҳат ва мустақилона дар иҳотаи оила фаъолият кардани онҳо замина фароҳам меорад. Минбаъд чун пешина таълими 11-сола идома пайдо мекунад, ки аксари падару модарон аз чунин ранг гирифтани низоми таълим хурсанданд. Зеро дар ин давра ба таври ҳамешагӣ таҳти назорати падару модар будани ҷавонон, хусусан, духтарон омили осоиштагиву рифоҳи хотири аҳли хонавода мегардад.
Мо бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни тадбир дар маҳалҳо, бо даъвати маъмурияти мактаби рақами 25 шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд ба он ҷо ҳозир шудем.
Бинои мактаб аз субҳи солеҳон тозаву озода гардида, донишмӯзон бо сару либоси идона ба таълимгоҳ меомаданд. Дар чеҳраи ҳама хандаву шодӣ ҳувайдо буд. Дар назди вурудгоҳи мактаб бо раиси Федератсияи шоҳмоти вилояти Тошканд Рисқиддин Эсанбоев вохӯрдем, ки омадани шогирди худро, ки ба наздикӣ аз рӯйи шоҳмот дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи якумро гирифтааст, интизор аст. Ӯ болида буд, ки шогирдаш ғолиби мусобиқаи бозии шоҳмот шудааст. Дар ҳақиқат, барои устод аз ин бузургтар бахте нест, ки шогирдаш ба қуллаҳои баланд мерасад.
Дар мактаби мазкур, ки беш аз 1500 нафар донишомӯзон таҳсил мегиранд, наздик ба 110 нафар синфи 9-ро хатм карда, ба синфи 10 ва литсейҳои академӣ фаро гирифта мешаванд. Беш аз 80 нафар педагогҳо дар ин ҷо бо таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки 71 нафари онҳо маълумоти олӣ доранд. Мактаб бо забонҳои ӯзбекиву русӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, фарзандони мардуми тоҷику ӯзбек, русу тотор ва қазоқу куриёӣ дар он таҳсил мегиранд. Аммо бинобар гуфтаи директори мактаб О. Абдураҳмонова донишомӯзон дар чорабиниҳо бо забони модарии худ, аз ҷумла, бо забони тоҷикӣ низ баромад мекунанд.
Дар ҷараёни тадбир донишомӯзони боиқтидор бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз гардонда шуданд. Аз байни онҳо толибаи синфи 9 Турсуной Ламинова моҳи марти соли ҷорӣ дар Итолиё аз рӯйи овозхонӣ ва навозандагии анъанавӣ дар миқёси байналхалқӣ ҷойи якумро гирифтааст, ки боиси комёбии мактаби мазкур аст. Ҳашт нафар донишомӯзон ғолибони «Умид ниҳоллари» мебошанд, ки аз байни онҳо Самандар Шермуҳаммадов дар байни ҷавонони 14-сола аз рӯйи шоҳмот сазовори ҷойи якум гардида, медали тилло гирифтааст.
– Муваффақиятҳои мактаби мо дар миқёси шаҳри Чирчиқ назаррас аст, зеро муаллимоне дорем, ки дар ҷараёни таълиму тарбия меҳнати худро нишон дода метавонанд. Моҳира Имомова, Дилфуза Нигматуллоева, Гавҳар Абдураҳмонова, Шоиста Исометова, Дилфуза Исомова, Нодира Қайюмова барин омӯзгорони мактаб боиси обрӯву эътибори ҷамоаи мо мегарданд, – гуфт сарвари мактаб Орзугул Абдураҳмонова.
Бояд гуфт, О. Абдураҳмонова аз тоҷикони ноҳияи Сариёғоч буда, дар пешрафти таълиму тарбияи наcли наврас собиқаи зиёди корӣ дорад. Бар замми сарварии мактаби рақами 25 ин зани ташаббускор роҳбарии Маркази мадании тоҷикони «Суғдиён»-ро низ дар уҳда дорад. Ният дорад, ки минбаъд чорабиниҳои маданиву маърифатиро таҳким бахшида, дар рушди маънавияти ҷавонон саҳмгузор бошад. Зимни суҳбат ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ҷамоаи мактаби рақами 25 бо ҳамкории Маркази миллии тоҷикони шаҳри Чирчиқ «Суғдиён» дастаи фолклорие ташкил додааст, ки дар чорабиниҳо бо суруду таронаҳои дилнишин иштирок карда, хотири ҳозиринро болида месозанд. Сироҷ Бӯриев аз овозхонҳои фаъоли ин даста аст, ки бо забони ширадори тоҷикӣ сурудҳои дилкаш месарояд.
– Ин ифтихорномаву туҳфаҳо, ки мебинед, ба бачагоне дода шуд, ки дар мактаб соҳиби дониши аъло, хулқи намунавианд, ҳамчунин, дар озмуни донишҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъол доштаанд, – гуфт омӯзгор Моҳира Имомова ҳине, ки ба донишомӯзон ифтихорномаҳоро месупорид.
Чорабинӣ дар руҳияи идона гузашт ва донишомӯзон бо суруду рақс, бозиҳои гуногун маҳорати худро нишон доданд. Махсусан, баромади донишомӯзони синфи 9 Б хотирмон буд.
Дар тадбир намояндагони ҳокимият, шуъбаи таълими халқи шаҳри Чирчиқ ва маҳалла низ ширкат варзида, ба омӯзгорон ва донишомӯзони пешқадам ифтихорномаҳо супурданд.
Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».