Оромгоҳи солимгардонии тобистонаи «Порлоқ келажак», ки дар ҳудуди ноҳияи Вобканд воқеъ гардидааст, се сол муқаддам бо ташаббуси ҳокими вилоят таҷдид ва таъмир ёфт.
Дар натиҷа, аз бинои кӯҳнаи оромгоҳи «Спутник»-и аввала осор намонд.
Дар оромгоҳ чор хобгоҳ бо шароити қулай (ҳар кадом дорои 50 кат, ҷамъ 200 ҷой мавҷуд аст), шуъбаи маънавият ва маърифат, ошхона, амфитеатр, шуъбаи солимгардонӣ, хонаи компутерӣ, шоҳмоту шашка, маҷлисгоҳ, арки машъалафрӯзӣ, ҳавз ва ғайра мавҷуд аст.
Оромгоҳ бо нуқтаи оби ошомидании «Дамхӯҷа»-и Самарқанд васл гардидааст.
– Одатан моҳҳои июну июл барои ҷамоаи мо давраи пурмасъулият ба шумор меравад, – гуфт директори оромгоҳ Темур Ҳамроев. – Ҳар сол дар ин ҷо садҳо наврасони 7-14-сола аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят омада, таътили худро дар давоми дувоздаҳ шабонарӯз мароқнок мегузаронанд. Бояд таъкид намуд, ки имсол бештар аз 700 нафар бачагон аз ташкилоту корхонаҳои гуногун табъи дил истироҳат карданд. Боз 200 нафари дигар аз ҳисоби шуъбаи вилоятии Иттифоқи ҷавонон ният доранд, ки моҳи ҷорӣ низ дар ҳамин ҷо истироҳат кунанд. Барои шавқовар гузаштани мавсим чорабиниҳои зарурӣ андешида мешавад. ҶММ «Бухоро агрокластер» моро дар ин бора пайваста дастгирӣ мекунад.
– Мо бояд ба сайёҳии дохилӣ низ эътибор зоҳир кунем, – илова кард Т. Ҳамроев.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.