ДАР ОЛАМИ ГАҶЕТҲО

ё осорхона низ маскани тарбия аст

Вақте ки ба саҳни Осорхонаи давлатии таърихи санъати амалӣ ва ҳунармандӣ, ки дар маркази шаҳри Тошканд воқеъ аст, ворид мешавед, гузаштаи дур пеши назаратон меояд, хаёлан бо ниёгон мепайвандед. 
Ин осорхона, ки тамоми хелҳои ҳунармандиро дар бар мегирад, дар қалби мо ифтихор аз ниёгон, урфу одат, анъана ва арзишҳои миллиамон меангезад. 
Асарҳои санъати  дар девори музей овехташуда шаҳодат медиҳад, ки халқамон то чӣ андоза  меҳнатдӯст, эъҷозофарин аст. Фарзандони аҷдоди мо аз хурдсолӣ соҳиби чандин касбу ҳунар шуда, баробари баҳра бардоштан аз шӯхиҳои бачагона, ташнаи илму дониш буданд. Дар давраҳои гуногун кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи калонсолон қарор доштанд. 
Имрӯзҳо бисёр майдончаҳои бозӣ дар шаҳрҳои калон холиянд ё ҳамчун истгоҳи мошин истифода мешаванд, зеро бачагони имрӯза, ки бояд дар ин майдончаҳо бозӣ кунанд, дар хона бо гаҷет ё компутерҳои дӯстдоштаи худ машғуланд. Бовар кардан душвор аст, ки рӯзгоре майдончаҳои шаҳр пур аз овози бачагон, хеле шавқовар буд ва кӯдаке беҳуда наменишаст, ҳама медонистанд, ки бояд кадом бозиҳоро анҷом диҳанд. Бозиҳои серҳаракат бисёр буданд.
Дар асри технологияи имрӯза магар бачаҳо бозичаҳои рангорангро, ки ифодагари айёми кӯдакианд, ба гаҷетҳо ва компутерҳои замонавӣ иваз намудаанд? Дар баъзе мавридҳо саволе ба миён меояд, ки оё аз субҳ то шом бо гаҷетҳо бозӣ кардан ба саломатии кӯдакон зарари калон намерасонад? 
Асри технологияи нав имрӯз мушкилоти психологиеро, ки «тобеи гаҷет» ном дорад, ба миён овард. Онҳо дастгоҳҳои зиёдеро дар бар мегиранд, аз қабили смартфон, китобҳои электронӣ, ноутбук ва планшет, плеерҳои мусиқӣ, консолҳои бозӣ ва ғайра. Ҳарчанд ин гаҷетҳоро барои хидмати мардум ихтироъ кардаанд, дар бисёр мавридҳо баръакс аст. Психологҳо низ қайд мекунанд, ки ин ҳолат махсусан барои бачагон хатарнок аст.
Вобастагӣ ба гаҷет барои кӯдакон воқеан як мушкилоти ҷиддӣ аст. Олимони амрикоӣ, бритониёӣ, чинӣ ва русӣ ҳолати тобеиро ба гаҷет омӯхтаанд, онҳо кӯдакони синну соли гуногунро (асосан синни мактабӣ) аз дастрасӣ ба гаҷетҳои гуногун дар муддати кӯтоҳ (аз 8 то 24 соат) маҳдуд кардаанд. Дар натиҷа бачаҳо бе гаҷет худро хеле бад ҳис карданд ва ҳатто надонистаанд, ки вақти холии худро чӣ тавр гузаронанд. Илова бар ин, дар онҳо аломатҳои даҳшатоваре ба монанди ошуфтагӣ, депрессия ва таҷовуз ба мушоҳида расидааст. Ин вазъияти хеле нигаронкунанда аст. 
Оё медонед, ки вобастагӣ ба гаҷет воқеан аз волидон оғоз мешавад. Волидайн аксар надониста фарзандонро ба олами виртуалӣ бурда, ба онҳо ашёҳои гуногун мехаранд. Самимона бовар мекунанд, ки ин зарурат дорад ва бо ин восита васеъ намудани доираи маълумоти дигари бачагонро фаромӯш мекунанд. Одӣ карда гӯем, мубталои бачагон ба гаҷет вақте оғоз мешавад, ки волидон худашонро ба ин дастгоҳҳо иваз мекунанд. Воқеан, ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандон хушбахт бошанд, аммо чунин бозичаҳои оҳанинро ба дасти онҳо медиҳанд, то, ки худашон роҳат бошанд. Дар натиҷа навраси дорои афзалияти номаълум: аввал дар олами виртуалӣ ва баъдан дар ҳаёти воқеӣ ба воя мерасад. Истеҳсолкунандагони ин дастгоҳҳо бошад, аз ин хусусиятҳои психологӣ истифода бурда, манфиатҳои наврасонро пайваста «дастгирӣ мекунанд». Ин як ҳодисаи таассуфовар, ки танҳо волидонро шикаста метавонад. 
Дар ин ҳолат табиист, саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна аз вобастагии кӯдакон ба гаҷет халос шудан мумкин аст. Хавотир нашавед, ҳоло дер нашудааст. Фикр мекунем, ки ин мушкилотро метавон ҳал кард. Пеш аз ҳама, бо кӯдак самимона суҳбат кардан лозим аст. Дастрасиро ба асбобҳои техникӣ бошуурона маҳдуд кардан лозим аст, ки ин  ҳолат, албатта, душвор аст, вале шумо бояд амалҳои худро оромона ба ҷо оред. Мутахассисон ба волидон тавсия додаанд, ки дар як ҳафта 1 ё 2 маротиба тамоми гаҷетҳои хонаро комилан хомӯш кунанд. Дар ин муддат ҳамроҳи ӯ бошед, велосипед савор шуда, дар боғ, дар оғӯши табиат сайру гашт кунед. Нақшаи рафтан ба театр, осорхона, боғҳои бачагона ва монанди инҳоро тартиб диҳед. Якҷоя китоб хонед, дар мавзӯъҳои шавқовар бештар суҳбат кунед. Чунин фаъолият ба шумо имкон медиҳад, ки муносибатҳои дигарро бо кӯдак барқарор кунед ва ба ҳаёти воқеӣ баргардонед. Вале дар хотир доред, ки ин ҷараён зуд ба амал намеояд. Аммо шумо чун волидайни меҳрубон самимона бо бахшидани меҳру муҳаббат фарзандатонро аз чунин вазъият берун кунед.
Бояд қайд кард, ки Осорхонаи давлатии таърихи санъати амалӣ ва ҳунари Ӯзбекистон низ макони дӯстдоштаи кӯдакон барои амалӣ намудани ниёзҳои худ мебошад. Дар ин маскан кӯдак метавонад шавқу рағбат ба ҳунар ва паҳлуҳои дигари худро кашф кунад. Бо қарори ҳукумат ҳар рӯзи сешанбе ва ҷумъа дар осорхонаҳо «Рӯзи дарҳои кушод» барои кӯдакон ҷорӣ шуд. Ғайр аз ин, дар назди баъзе музейҳое, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, студияҳои бачагонаи касбиву ҳунарӣ ташкил карда шуд.
Оё вақти он нарасидааст, ки фарзандонамонро, ки ояндаамон ҳастанд, аз гирифтории гаҷет наҷот диҳем?

Зуҳро ХОЛИҚОВА,
ҷонишини директор оид ба корҳои илмии 
Осорхонаи давлатии таърихи санъати амалӣ ва ҳунармандӣ.
Гӯзалхон РАҲМОНОВА,
корманди калони илмии шуъбаи таърихи осорхона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: