Дар Олмалиқ мегалоиҳа татбиқ мегардад

  • Дар Олмалиқ мегалоиҳа татбиқ мегардад
  • Дар Олмалиқ мегалоиҳа татбиқ мегардад
  • Дар Олмалиқ мегалоиҳа татбиқ мегардад

Президент Шавкат Мирзиёев 22 декабр ба шаҳри Олмалиқ ташриф овард.

Дар солҳои охир шаҳр ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ фаъолона ривоҷ меёбад. Корхонаҳои нав ба кор медароянд, муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ кушода мешаванд. Драйвери ҳамаи ин дигаргунсозиҳо комбинати маъдани куҳии Олмалиқ мебошад.

Ин корхона 7 дарсади тавлидоти саноатии кишвар ва 15 дарсади содиротро медиҳад. Ба шарофати дар вақтҳои охир зиёд шудани маблаггузорӣ ба илму техника конҳои нав кашф карда шуда, истеҳсоли маҳсулот зиёд мешавад.

Аз ҷумла, мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 марти соли 2017 мегалоиҳа оид ба азхудкунии кони “Ёшлик-1” ба 5 миллиарду 122 миллион доллар татбиқ мегардад.  

Сарвари давлат зимни сафараш ба Олмалиқ бо рафти иҷрои ин лоиҳа шинос шуд.

Кон майдони хеле калон — 11 ҳазор гектарро ишғол карда, аз ҷиҳати ҳаҷми захираҳои муайяншуда яке аз калонтаринҳо ба шумор меравад. Дар таркиби он 13 маъдани қиматбаҳо ва нодир ба мисли тилло, мис, нуқра, молибден ва селен мавҷуд аст. Барои коркарди онҳо дар комбинати маъдани куҳии Олмалиқ фабрикаи сеюми коркарди мис сохта мешавад.

Ба Президент дар бораи корҳои дар ин ҷо ба ҷо овардашуда маълумот дода шуд.

Соли 2017, ки азхудкунии кон навакак оғоз шуда буд, дар ин ҷо соле 3 миллион метри мукааб истихроҷи маъдан анҷом дода мешуд. Ба шарофати истифодаи беш аз 570 адад технологияи муосир ба маблағи 415 миллион доллар ҳосилнокии меҳнат хеле афзуд. Ҳоло ҳаҷми кор соле 40 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

— Ин кон як катализатор аст. Дар баробари азхудкунии самарабахши он бояд барои конҳои хурд лоиҳаҳои навро татбиқ кард. Ин манбаи ҷойҳои иловагии кор ва афзоиши содирот хоҳад гардид, -- гуфт шавкат Мирзиёев.  

Дар чаҳорчӯби лоиҳа корхонаи оҳакбарорӣ, системаи барқи иқтидораш  650 мегаватт ва дигар иншооти инфрасохторӣ низ бунёд шуда, 6 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

 Сарвари давлат қайд кард, ки ин комбинат ва дар оянда ҳар як корхонаи саноатӣ бояд худро аз манбаъҳои алтернативӣ бо нерӯи барқ ​​таъмин намояд. Оид ба васеъ гардондани тадқиқотҳои илмӣ ва қабул ба аспирантураи мақсаднок, баланд бардоштани иқтидори филиали олмалиқии Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд супоришот дода шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: