Дар шаҳри Лимесхайн (замини федералии Гессен)-и Олмон консерти шашамақом ва рӯнамоии мусиқӣ, фарҳанг ва санъати миллии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Франкфурти лаби Майн ва созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратии ӯзбекистонию олмонӣ «Yuzuke.v.», ҳамчунин ансамбли миллии «Gulzoda» ташкил гардид. Ҳаводорони санъат ва мусиқии созию овозӣ, ҷомеаи шаҳри номбурда, ҳамчунин ҳамватанони мо дар Олмон меҳмонони шабнишинӣ буданд.
Дар доираи консерт ба ҳозирон дар бораи мероси ғановатманди таърихиву фарҳангӣ ва маънавии халқ, рушди кунунии маданият ва санъати кишвари мо маълумот дода шуд. Аз ҷумла, муаррифии ёдгориҳои меъморӣ, санъати тасвирӣ ва рақсҳои миллӣ ба амал омад.
Дар барномаи консертӣ асарҳои мусиқии классикӣ дар иҷрои овозхони соҳибистеъдод Гулзода Худойқулова, ҳамчунин рақсҳои миллӣ ҷой доштанд. Иштирокдорон бо қаноатмандӣ аз палав, ки махсус дар доираи чорабинӣ омода карда шудааст, лаззат бурданд.
Мусиқӣ ва ошхонаи миллӣ ба меҳмонон писанд омад.
Омӯзгори мактаби олмонӣ Йенс ХАЙН:
– Ман мухлиси ашаддии мусиқӣ ва маданияти миллии Ӯзбекистон мебошам. Боре дар доираи барномаи мубодила дар соҳаи таълим аз тамошои Ӯзбекистон баҳраманд шудаам. Аз сафар ба кишвари зебои шумо хотираи хуб дорам, ба ман меҳмондӯстӣ ва муносибати дӯстонаи мардуматон писанд омад. Имрӯз ман бори дигар имкон доштам аз ин муҳит баҳраманд бошам. Оҳангҳо дар иҷрои ансамбли «Gulzoda» хеле ҷаззоб буданд, бинобар ин сазовори баҳои баланди шунавандагон шуданд. Ташкилоти мо бо дастгирии чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ машғул аст. Ман аз он ки бо Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорам, хеле хурсандам.
Меҳмонон Самира Маданӣ ва Ҳамид ГАНҶӣ:
– Шоми шумо ба хайр. Мо аз Эрон мебошем ва дар Олмон кор мекунем. Вақте шунидем, ки чорабиние бахшида ба маданияти Ӯзбекистон баргузор мегардад, зуд ба ин ҷо омадем. Зеро Ӯзбекистон ва Эрон қаробатҳои зиёд доранд, решаҳои таърихӣ ва маънавиашон ягонаанд. Мо дар ин ҷо бисёр чизҳои нав ва рағбатнокро дида, ба ҳайрат омадем. Мусиқа, маданият ва ошхонаи Ӯзбекистон хеле ғанӣ мебошанд, мо қарор додем, ки ҳангоми сафар ба Ӯзбекистон бо онҳо аз наздик шинос шавем. Ба мо дар ин ҷо ҳама чиз писанд буд, ташаккури зиёд.
Корманди бонки «DeutscheBorseFrankfurt» Ханс ЛАНТС:
– Ба ман консерти имрӯзаи мусиқии Ӯзбекистон бо сарулибос ва асбобҳои мусиқии миллӣ хеле маъқул шуданд. Мушоҳида мешавад, ки ҳам ҳунарпешагон ва ҳам созмондиҳандагони ин шоми зебо хеле саъю кӯшиш кардаанд. Мо дар ин ҷо бо таърих, фарҳанг ва ошхонаи миллии Ӯзбекистон шинос шудем. Ҳамааш хеле зебо ва шавқовар буд. Бовар дорам, ки пас аз ин чорабинӣ бисёриҳо майли сафар ба Ӯзбекистон мекунанд. Барои даъват ташаккури зиёд, ман аз консерт қаноатмандии бузург ҳосил кардам.
АИ «Дунё»,
шаҳри
ФРАНКФУРТИ лаби МАЙН.