Дар Олтиариқ боғи ҳазор гектара бунёд карда шуд

  • Дар Олтиариқ боғи ҳазор гектара бунёд карда шуд
  • Дар Олтиариқ боғи ҳазор гектара бунёд карда шуд
  • Дар Олтиариқ боғи ҳазор гектара бунёд карда шуд
  • Дар Олтиариқ боғи ҳазор гектара бунёд карда шуд
  • Дар Олтиариқ боғи ҳазор гектара бунёд карда шуд
  • Дар Олтиариқ боғи ҳазор гектара бунёд карда шуд

Аввалин нуқтаи сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Фарғона ноҳияи Олтиариқ буд.

Сарвари давлат борҳо таъкид кардааст, ки минтақаҳо бо дарназардошти хусусият ва малакаи аҳолӣ рушд карда шаванд. Бартарии муфиди ноҳияи Олтиариқ кишоварзии пешрафта, маҳорати кишоварзии сокинон мебошад. Хусусан, ангури Олтиариқ дар хориҷ мақоми бренди худро касб кардааст.

Барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот дар канори ноҳия, дар теппагии майдонаш ҳазор гектар токзору боғ бунёд карда шуд.

Президент аз ин маҷмӯъ дидан кард.

Дар гузашта ин ҷойҳо истифода намешуд. Дар натиҷаи муносибати навоварона ба тараққиёти хоҷагии қишлоқ ҳазорҳо гектар замин азхуд карда шуд. Барои ин чоҳҳо ва обанборҳо кофта, обёрии қатрагӣ ҷорӣ карда шуд. Дар баробари ин таҷҳизоту масолеҳи истеҳсоли маҳаллӣ истифода бурда шуд.

Дар 560 гектар замини азхудшуда навъҳои ангури «ҳусайнӣ», «келинбармоқ», «ризомат», «кишмиш» шинонда шуд. Дар боғи интенсивии майдонаш 300 гектар ниҳолҳои себ, гелос ва зардолу шинонда шудаанд.

Байни каторҳо тарбуз, вобаста ба талаботи бозор — филфили сурх, филфили булғорӣ, бодиринг, кабудӣ ва дигар зироати полезӣ парвариш карда мешавад. Ин манбаи иловагии даромади аҳолӣ, афзоиши содирот мегардад.

– Фарғона дар соҳаи кишоварзӣ ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ҷаҳонбинии мардум дигар мешавад, фермерон ба  содир кардани маҳсулот даст мезананд. Аммо натиҷаи дирӯза дигар ба талаботи имрӯза ҷавоб дода наметавонад. Мо бояд доимо дар ҷустуҷӯ, дар ҳаракат бошем. Каме кӯшиш кардан кифоя буд ва инак, чунин боғи калон пайдо шуд. Мо ҳанӯз бисёр захираҳои дохилӣ дорем. Ин имкониятҳо бояд дар асоси принсипи «ба номи шаъну шарафи инсон» ба манфиати халқи мо равона карда шаванд. Ба ин дурдонаи водӣ – Фарғона мисол шуда метавонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ин ҷо комплекси ҳозиразамони агросаноатӣ – анбори яхдони зарфияташ 1,5 ҳазор тонна, пунктҳои хидмати маишӣ пайдо мешаванд. 6 трактори хурд ва 10 мошини боркаш харида мешавад. Ба аҳолӣ дар боғу токзор қитъаҳо дода мешаванд. Ин барои мардуми Олтиариқ имкониятҳои калон фароҳам меоварад.

Сарвари давлат бо фермерон ва роҳбарони кластерҳои Фарғона суҳбат кард.

– Ин боғу токзорҳо хусусӣ карда мешаванд. Соҳибон ҳар қадар зиёд бошанд, масъулият ҳам зиёд бошад, боварии харидорон, шарикони хориҷӣ ба соҳибкор ҳамон қадар зиёд мешавад, мардум ҳамон қадар даромад мегиранд, – гуфт Президент.

Дар ин маҷмӯъ барои ҷавонони бекор ва оилаҳои камбизоат, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, ки аз хориҷ баргаштаанд, беш аз 3000 ҷойи корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Президент бо коргарон суҳбат кард.

Дар ин ҷо ҳамчунин доир ба рушди меваю сабзавотпарварӣ ва гулпарварӣ дар вилояти Фарғона тақдимот баргузор шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: