ДАР ОПЕРА НИЗ СУРУД ХОНДААМ

Байни санъаткорон дар баробари устоди касби худ будан, дар саҳифаҳои матбуот бо мақолаҳои мухталифи худ иштирок намудаву дидаю шунидаҳояшонро дар китоб дарҷ мекардаҳо он қадар зиёд нестанд.

Байни санъаткорон дар баробари устоди касби худ будан, дар саҳифаҳои матбуот бо мақолаҳои мухталифи худ иштирок намудаву дидаю шунидаҳояшонро дар китоб дарҷ мекардаҳо он қадар зиёд нестанд. Дар асл, дар ин ду соҳа баробар фаъолият бурдан осон нест. 
Қаҳрамони Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи мардумӣ Зикир Муҳаммадҷонов соҳиби чунин истеъдод буд. Устодро тавассути образҳояш дар Театри милли академӣ-драмавӣ, дар саҳнаҳои кино ва телевизион хуб мешиносанд. 
Ҳоло дар зер хотираҳои санъаткорро доир ба филми бадеӣ, ки оҳангсози машҳур Мухтор Ашрафӣ дар асоси достони “Сабъаи сайёр”-и “Хамса”-и Навоӣ операи «Дилором»-ро офаридаасту коргардони он Алӣ Ҳамроев мебошад, пешкаш мекунем.
Аз номи сарлавҳа ҳайрон мешавед, зеро ҳунарпеша бояд аз ӯҳдаи ҳама кор барояд, маҷбур аст, ки нақши инсонҳои касбу корашон гуногунро иҷро намояд. Агар иҷрои ӯ ба характер ва феълу атвори қаҳрамони асар мувофиқат накунад, сазовори боварии тамошобин намегардад. Аммо ман дар опера набояд суруд хонам. Барои артисти опера шудан танҳо овоз кифоя намекунад, магарам солҳои тӯлонӣ ин соҳаро омӯхта, асрори ҳунари сарояндагиро азхуд намояд. Бахшида ба 525-солагии зодрӯзи мутафаккири бузург Алишери Навоӣ дар асоси асари ӯ офаридани филми бадеӣ ҳамон солҳо аз ҷониби коргардон Алӣ Ҳамроев амалӣ гардида буд. Филми мазкур дар ҷойҳои хушманзараи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба навор гирифта шуда буд. Боре дар операи “Дилором” дар асоси достони “Сабъаи сайёр” роли Шоҳ Баҳромро иҷро кардам. Ин ролро солисти театри опера ва балет Сосон Беняминов дар саҳна иҷро карда буд.  Ба ман лозим омад, ки нақши мазкурро дар кино иҷро намоям. Гап дар сари он аст, ки нақшро ман иҷро мекардаму овоз овози ӯ буд. Ба ин ҳайрон нашавед. Технологияи ҳозира ба ин имконият медиҳад. Аммо дар ҷараён барои иҷрокунанда мушкилиҳои зиёде ба миён меояд. Ҳангоми иҷро натанҳо ҳаракатҳои Сосон Беняминовро талқин мекардам, балки ба задаи ҳар калимаҳое, ки аз даҳони ӯ мебаромад, кушода баста шудани лабҳояш бояд эътибор медодам, вагарна бегона будани овоз аён мегардад.  
Ҳарчанд банаворгирии филм чанд моҳ давом кард, бо Мухтор Ашрафӣ, дирижёрон ва Сосон Беняминов оиди иҷрои роли Шоҳ Баҳром омодагии зиёд дидем. Ҳамон вақт суханҳои операи “Дилором”-ро на танҳо азёд кардам, балки мазмуни онҳоро низ дақиқ омӯхтам. Арияҳои Беняминов сароидаро чун ӯ “нахонда” бошам ҳам, ҳамаи сурудҳои ба Шоҳ Баҳром тааллуқдоштаро иҷро кардам. Тавре ки дар боло гуфтам, барои иҷрои нақши номбурда машғулияти тӯлонӣ кифоя набуд. Мухтор Ашрафӣ ба ман қартаҳои сабти овозро, ки барои опера тайёр карда буданд, тақдим намуд. Вақти холии худро бо такрору гӯш кардани онҳо мегузарондам. 
Дар операи мусиқии “Дилором” образи Шоҳ Баҳром басе мукаммал тасвир ёфтааст. Гуфтан мумкин аст, ки дар он тамоми фазилатҳои инсонӣ муҷассам мебошад. Шурӯъ аз рафтору гуфтор то асптозӣ, амру фармон, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои рақс, аз ҳама муҳимаш, Дилоромро аз самими қалб дӯст доштани шоҳ дар опера шоирона тасвир ёфта буд. Ҳангоми иҷрои рол ҳаракат кардам, ки дар ҳар лавҳа қиёфаи инсонпарварии ӯро нишон диҳам. Аз ҷумла, ба аспсаворӣ, дар базмҳо нишаста изҳори муҳаббат кардани ӯ... эътибори алоҳида додам. Аспсавориро дар чанд моҳ машқ кардам. Илова бар ин, асперо, ки бояд дар филм ба он савор мешудам, пешакӣ интихоб намудам. Зеро аспи машқӣ дигар асту аспи шоҳӣ дигар. Аспи Шоҳ Баҳром бо зину полони худ шахсро мафтун мекард.
Мувофиқи нақша банаворгирии филмро тезонидан лозим буд. Баъзан инҷиқиҳои табиат ба ин роҳ намедод. Лавҳаҳо бояд дар ҳавои кушод, дар рӯзҳои офтобӣ ба навор гирифта мешуд. Ҳамин тариқ, ба сабаби абрнок будани ҳаво лавҳаҳоеро, ки бояд дар майдони Регистони Самарқанд сабт мешуд, ба таъхир андохта шуд. Ҳамон вақтҳо рӯзҳои серуни тирамоҳ ҳам оғоз ёфта буд. Бар болои ин, барф ҳам кам-кам ба боридан сар кард. Наворгириро ба павилон кӯчондем. Дар павилон бояд “қасри”-и Шоҳ Баҳром, раққосаҳо, тамошобинон таҷассум меёфт. Зиёфати шоҳон, базми ҷамшедӣ бояд шоҳона мешуданд.  Бахусус, Шоҳ Баҳром ба ҳамаи зебоиҳо бояд эътибор диҳад. Шоҳона либоспӯшии меҳмонон, мафтункории раққосаву канизакон, нозу неъмати дасторхон, курсиву гилемҳои рӯйи фарш, то тоҷи сар ва тахти шоҳ – ҳамааш бояд ба дараҷаи олӣ бошанд. Коргардон Алӣ Ҳамроев бо ҳамроҳии рассом ҳамаи чизҳоро қабул карда, баъд моро ба майдони наворгирӣ даъват намуд. Ҳамон рӯз 4 сар гӯсфандро кушта пухтанд. Бино ба нақша, инҳо бояд ғурми кӯҳӣ мешуданд. 
Табиист, ки дар хонанда чунин фикр пайдо мешавад: чаро нақши Шоҳ Баҳромро худи С. Беняминов иҷро накардааст. Вобаста ба ин фикр, воқеае ба хотирам расид. Ҳофизи номдор Маъмурҷон Узоқовро барои овози фораму дилкашаш ба иҷро намудани нақши Тоҳир таклиф мекунанд. Одатан ҳофиз дар як ҷо истода суруд мехонд, бинобар ин, ба назди Зуҳро рафта муроҷиат карданро тақозо мекунанд. Вақте ба ӯ “назди Зуҳро рав” мегӯянд, ҳофиз ҷавоб медиҳад, ки “Зӯҳро назди ман ояд”.  Аз ин бармеояд, ки суруд хондан дигару иҷрои нақшҳо дигар, яъне дар алоҳидагӣ ҳар як вазифа аҳамияти худро дорад. Аз ин рӯ, дар филми “Тоҳир ва Зуҳро” низ ба ҷойи актёрони машҳури театр Юлдуз Ризоева ва Ғулом Тоҷиаълоевҳои ҳанӯз навкор нақшҳои асосиро бозидаанд. Сурудҳоро овозхонҳо иҷро намуда бошанд ҳам, филм хуб баромадааст. 

Зикир 
МУҲАММАДҶОНОВ,

Қаҳрамони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: