ДАР ОҚОЛТИН КОРХОНАИ НАВ БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Дар доираи панҷ ташаббуси неке, ки бо ибтикори Президенти мо дар ҳаёт татбиқ карда мешавад, ба кор таъмин кардани бонувон, бартараф сохтани муаммоҳои иҷтимоие, ки дар давоми солҳо онҳоро ба ташвиш меорад, эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Хусусан, аз ҳисоби ташкил кардани корхонаҳои дӯзандагӣ таъмини шуғли аҳолӣ беҳтар карда шудааст.
Дар ноҳияи Оқолтини вилояти Сирдарё Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Оқолтин Мега Техтиле» ба кор шурӯъ кард. Дар маросими кушодашавии он ҳокими вилоят Акмалҷон Маҳмудалиев ширкат варзида, таъкид намуд, ки бо таъмини шуғли аҳолӣ барои онҳо шароити ҳаёти фаровон фароҳам оварда хоҳад шуд.
Дар корхона 170 ҷойи нави корӣ офарида шудааст. Барои сохтмони корхонаи мазкур 2 миллиард сӯм маблағ сарф гардида, аз Чин мошинҳои дӯзандагии дорои тамғаи охир оварда насб карда шуд. Ҳама навъҳои маҳсулоти истеҳсолшуда аз нахи пахтаи маҳаллӣ тайёр шуда ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ содир карда мешавад. Арзиши умумии лоиҳавии корхона 278,1 миллиард сӯмро ташкил намуда, иқтидори истеҳсоли солона 25 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.
— Алҳол дар ноҳия лоиҳаи мо амалӣ гардида, барои бо шуғл таъмин кардани занону духтарон шароит фароҳам омад, — мегӯяд роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Оқолтин Мега Техтиле» Саврон Носиров. 
– Бояд таъкид намуд, ки корхона имконияти бо шуғл фаро гирифтани занону духтарони бекорро, ки ба «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил шуданд, фароҳам меоварад. Дар давоми моҳ  ба тартиби муайяншуда ҳаққи кор пардохт карда мешавад.
Дар ҳудуде, ки корхона ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар асоси лоиҳаҳои намунавӣ манзилҳои зисти арзон қад рост намуда, он ҷо ба мавзеи калон табдил меёбад. Либосҳои корхонаи нав фармоишгарони худро дорад. Ҳамчунин, пешбинӣ гардидааст, ки маҳсулоти номгӯи васеи аз ҷониби чеварони гулдасти оқолтинӣ омодашаванда ба давлатҳои ҳамсоя низ содир карда шавад.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: