ДАР ОСТОНАИ БАҲОРИ САДУМ

Ҳокими ноҳияи Чуст Бекзодҷон Ҳамдамов ба хонадони сокини маҳаллаи Пилол – момои Зумрад, ки баҳори 100-умро истиқбол мегирад, ташриф фармуд.

Ҳокими ноҳияи Чуст Бекзодҷон Ҳамдамов ба хонадони сокини маҳаллаи Пилол – момои Зумрад, ки баҳори 100-умро истиқбол мегирад, ташриф фармуд. Кадбонуи хона Роҳатҷон ва фарзандони момо меҳмонро бо чеҳраи кушод истиқбол карданд.
– Баробари  расидани баҳор аз хонаи  мо қадами меҳмонон канда намешавад, – мегӯяд арӯси хурди момои Зумрад – Роҳатҷон. – Аз идораи маҳалла, ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ бо нияти ба синну соли мубораки ӯ расидан бисёр кас меояд, ҳамшираҳои патронаж низ сари вақт хабар гирифта меистанд. Ташрифи кунунӣ, воқеан хотирмон буд. Роҳбари ноҳия шахсан худаш ба хонаамон ташриф фармуда, момои Зумрадро бо баҳори садумин ва 8 Март муборакбод намуд, туҳфаҳо супурд.
Бо модаркалон суҳбат кардем. Тавре ки  мегӯяд, вай бо Шарофбой ном ҳамдиёраш, ки аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бо ғалаба баргашта буд, ақди никоҳ мебандад. Шарофбой ҳарчанд аз пояш ҷудо шуда буд, бо кори дӯстдоштаи худ – устоӣ машғул мегардид. Онҳо ҳар ду 8 нафар духтару писарро тарбия карда ба воя расониданд.
– Меҳнат инсонро мепазад, ба ӯ нерӯву қувват мебахшад, аз беморшавӣ эмин медорад, – мегӯяд момо. – Ин насиҳатҳоро ман  ба набераву абераҳо низ такрор мекунам. Худам як умр меҳнат кардам. Баробари дар саҳро кор кардан пилла парвариш менамудам. Дар замони мо ин гуна сериву пурӣ ва  фаровонӣ набуд, гоҳ серу гоҳ гушна будем. Мардон ҳама ба ҷанг рафта, дар саҳро танҳо занон кор мекарданд. Бо модарам аз субҳ то шом дар саҳро кор мекардем. Бинобар он ки дар хонавода фарзанди калонӣ будам, ба тамоми корҳои модарам кӯмак мерасонидам. Аз сабаби  он ки модари модарам аз занони бомаърифати замони худ буданд, дар қишлоқ мактаб ташкил карда, дар он ба занону духтарон хонданро меомӯхтаанд. Бинобар ҳамин ҳам дар хонаамон китоб зиёд буд. Ман аз хурдӣ шеърҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Фузулӣ, Бедил ва дигаронро аз ёд медонистам. Орзу доштам, ки шоира шавам. Вале афсӯс...
Момо, тоҷик бошад ҳам, ба ду забон баробар шеър мехонд, суруд замзама менамуд, ки аз ин ҳаваси мо омад. 
Зумрад Абдураззоқова шукрона мекунад, ки туфайли истиқлол ҳаёти мардуми мо мазмуни нав касб кардааст. Вай дар бораи духтаронаш Инобатҷони 76-сола, Ҳанфияҷони 73-сола, писари калонӣ Сайфуллои 71-сола, духтари хурдӣ Маърифати 62-сола ва писари кенҷааш Маъруфҷони 52-сола, хулоса дар бораи ҳар кадом фарзандону арӯсон, домод ва набераву абераҳо бо завқу шавқ ҳарф мезад.
– Зиёда аз 100 набераву абера ва чабера дорам, – мегӯяд ӯ бо ифтихор. – Яке аз дигаре беҳтару меҳрубонтаранд онҳо.
– Момо дуруст мегӯяд, тамоми фарзандон, набераву абераҳояш меҳнатдӯстанд, – суханони ӯро тасдиқ мекунад ҳамсояаш Сабоҳатхола. – Дар ин хонавода соҳибони қариб тамоми касбу кор, аз ҷумла соҳибкор, фермер, ходими тиб, омӯзгор, корманди хоҷагии қишлоқ ва ғайра ҳастанд. Набераҳояш Аҳадҷон ва Баҳодур хоҷагиҳои фермерии «Нурҳаёт – Исломбек» ва «Азизӣ»-ро ташкил карда, бо боғдорӣ ва ангурпарварӣ машғул мебошанд. Соҳиби маҷмӯаи тантанагоҳи «Лаби сой», ки ба деҳа ҳусну шаҳомат мебахшад, низ набераи ӯ – Ботирҷон аст. Аз миёни деҳа рӯди қадимие мегузарад, ки обаш ҳеҷ гоҳ хушк намешавад. Пуле, ки дар қисмати ҳудуди маҳаллаи Майдон болои ин рӯд буд, таъмирталаб гардид. Онро Ботирҷон аз ҳисоби маблағи худ аз нав сохт, роҳи дури аҳли маҳалларо хеле наздик кард... 
Ҳангоми хайрухуш момо бо суханони нек ва шукрона аз оромиву осудагии кишвар даст ба дуо бардошт. Дуои пирон иҷобат мешавад.
Умри муйсафедоне, ки ба хонаводаҳоямон нуру зиё мебахшанд, барои хурду калон мактаби бесобиқаи ҳаётанд, бо дуову ниёишҳои худ баҳри беш аз пеш фаровон шудан ва афзудани осоиши халқамон хидмат мекунанд, зиёда бодо.

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: