ДАР ОСТОНАИ ЗИНАИ НАВИ ЭЪТИМОДИ ТАРАФАЙН ВА ҲАМРАЪЙӢ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо ҳам аз азал анъанаҳои неки ҳамсоягиву бародарӣ, ҳамкориҳои дӯстонаву некхоҳона доранд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва  Ҷанубӣ бо ҳам аз азал анъанаҳои неки ҳамсоягиву бародарӣ, ҳамкориҳои дӯстонаву некхоҳона доранд. Имрӯз ин қаробати таърихии байни минтақаҳо дар пояи эътимоди тарафайн ва манфиатдории бисёрҷанба торафт мустаҳкам мешавад.
Бояд гуфт, ки бобати ба амал татбиқ намудани ташаббуси инкишоф додани ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Конфронси байналхалқии Тошканд дар мавзӯи «Ҳамгароии минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо» боз як қадами муҳим гардид.
Дар ҳамоиши мазкур, ки бо ташаббуси роҳбари давлати мо ташкил шуд, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сарвазири Ҷумҳурии Покистон, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, умуман аз 44 мамлакат ва тақрибан 30 созмонҳои байналмилалӣ ҳайатҳо, роҳбарони марказҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳлилии машҳури хориҷӣ ширкат ҷустанд.
Метавон гуфт, ки конфронс баробари таҳкими ҳамгароии тарафайни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ барои ба роҳ мондани салоҳияти нақлиётиву транзитии кишварҳои минтақа, ба бозорҳои якдигар баромадани онҳо, ҷалб намудани сармояҳо, инноватсия ва технологияҳо, фаъолтар кардани мубодилаи башардӯстона ва сайёҳӣ дорои аҳамияти бузург гардид. Агар аз ин нуқтаи назар баҳо диҳем, эътимоди тарафайни сиёсии байни кишварҳо ва муносибатҳои хуби ҳамсоягарӣ дар таърихи кунунии минтақа зинаи мусбат ба шумор меравад. Аз ҳама муҳимаш, иртиботҳои дорои таърихи чандинҳазорсола аз нав барқарор шуданд, саъю ҳаракатҳо муттаҳид гардиданд.
Президенти кишвари мо дар суханронии худ вобаста ба мақсадҳои мазкур ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт. Муҳимияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъкид гардид, баррасӣ намудани масъалаҳои муҳими ин соҳа, васеъ кардани робитаҳои кооператсионӣ ва сармоявӣ, ҳар сол баргузор сохтани анҷумани байниминтақавӣ пешниҳод шуд.
Ҳамчунин, ба масъалаи бунёди инфрасохтори нақлиётиву логистикие, ки Осиёи Марказӣ ва  Ҷанубиро пурсамар ва бехатар ба ҳамдигар мебандад, эътибори ҷиддӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки сохтмони роҳи оҳани «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар» дар ин бобат ҳалқаи муҳим аст. Ин роҳи оҳан имкон медиҳад, ки салоҳиятҳои транзити ду минтақа пурра  амалӣ шаванд ва масофаи боркашониву муҳлати иҷрои он хеле коҳиш ёбад. Бинобар ҳамин ҳам лоиҳаи мазкур аз ҷониби давлатҳои иштирокдор ва идораҳои байналмилалии молиявӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад.
Воқеан ин лоиҳа низоми роҳи оҳани Осиёи Ҷанубиро бо низоми роҳи оҳани Осиёи Марказӣ ва Авроосиё мепайвандад. Дар натиҷа салоҳияти транзиди Осиёи Марказӣ беш аз пеш меафзояд.
Боз як ҷиҳати муҳим ин буд, ки дар конфронси байналмилалӣ аз ҷониби Президенти кишвари мо таҳти васояти Созмони хоҷагии хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ ташкил кардани мулоқоти вазирони хоҷагии қишлоқи кишварҳои минтақа ва кор карда баромадани барномаи муштараки он  пешниҳод шуд. Таъкид гардид, ки ҳангоми коркарди ҳуҷҷати мазкур татбиқ сохтани технологияҳои пешқадам, тайёр кардани лоиҳаҳои муштарак ва баргузор намудани тадқиқоти вобаста ба он мавриди назар қарор дода шавад.
Пӯшида нест, ки солҳои охир бо хӯроквории босифат таъмин кардани аҳолӣ, инкишоф додани хоҷагии қишлоқ ба масъалаи муҳим табдил ёфтааст. Бахусус дар шароити пандемия таъмин намудани бехатарии хӯрокворӣ ба масъалаи беш аз пеш ҷиддӣ мубаддал гардид, норасоии озуқаворӣ хатари торафт бештар эҷод мекунад. Масъалаи бехатарии хӯрокворӣ гарави таъмин сохтани истиқрори иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии тамоми давлатҳо ба шумор меравад. Дар вазъи мушкили кунунӣ таъмин сохтани бехатарии озуқаворӣ аз вазифаҳоест, ки бояд ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад.
Фикр мекунам, бахусус баррасии масъала дар сатҳи ҳамҷамъияти байналхалқӣ, ҳамчунин таҳти раёсати Созмони хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ баргузор кардани вохӯрии вазирони хоҷагии қишлоқи кишварҳои минтақа, пешниҳоди коркарди барномаи муштарак барои бо маҳсулоти бехавф ва босифати озуқаворӣ таъмин кардани давлатҳо боз як қадами муҳим мегардад. Вай салоҳияти онҳоро баланд бардошта, боиси инкишоф ёфтани соҳаи хоҷагии қишлоқ мешавад.
Умуман, муҳити эътимоди тарафайн ва рӯҳияти ҳамгароии мулоқот сабаби дар тамоми соҳаҳо хуб ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ гардида, боиси беш аз пеш ривоҷ ёфтани минтақа ва мустаҳкамтар шудани алоқаҳои ҳамкории бисёрҷанба хоҳад шуд. Беҳтару бештар гардидани саъю ҳаракатҳои байналхалқӣ сабаби ба амал татбиқ шудани лоиҳаҳои тиҷоративу иқтисодии минтақавӣ ва инфрасохторӣ, дар минтақа ба миён омадани нуқтаҳои нави пешрафт мегардад.

Дилором ИМОМОВА,
узви фраксияи ҲХД Ӯзбекистон дар Палатаи қонунгузории
 Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: