ДАР ОҲАНГАРОН ТЕХНОПАРКИ ҶАВОНОН БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил карда шуд, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов, муовини вазири рушди инноватсионӣ Олимҷон Тӯйчиев, директори Технопарки ҷавонони вилояти Тошканд Ойбек Тӯйчиев, шахсони масъули ҳокимияти шаҳр, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ҷавонони маҳаллӣ ширкат варзиданд.

Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил карда шуд, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов, муовини вазири рушди инноватсионӣ Олимҷон Тӯйчиев, директори Технопарки ҷавонони вилояти Тошканд Ойбек Тӯйчиев, шахсони масъули ҳокимияти шаҳр, намояндагони  ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ҷавонони маҳаллӣ ширкат варзиданд. 
Тавре зикр гардид, мақсади асосии ташкили Технопарки ҷавонон дастгирии ҷавонони ташаббускор дар марҳилаҳои аввали эҷоди маҳсулоти инноватсионӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, технологияҳои баланд ва илмӣ дар асоси коркард ва технологияҳои ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Ҳамзамон, дар маҳалҳо барои рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои инноватсионӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. 
Барои технопарки мазкур  аз ҳисоби маблағи Вазорати рушди инноватсионӣ  таҷҳизот ва техникаи замонавии лабораторӣ оварда шудааст. Дар ин ҷо ҷавонон  чунин соҳаҳо, аз қабили робототехника ва мехатроника, электроника, офаридани прототипҳои 3D, моделсозии 3D ва барномасозиро меомӯзанд, лоиҳаҳои худро таҳия мекунанд, равандҳои инкишофи босуръат ва тиҷоратро анҷом медиҳанд. 
То имрӯз дар вилоят 10 маркази таълими технологияҳои рақамӣ мавҷуданд, ки дар тӯли 2 соли охир дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонон дар курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат таълим гирифтанд.  
Технопарки ҷавонон дар Оҳангарон дар миқёси вилояти Тошканд фаъолият нишон хоҳад дод. Мутахассисони платформаи таълимии сайёри «Технобус”-и Вазорати рушди инноватсионӣ ҷавононро дар қаламравҳои гуногуни минтақа омӯзиш медиҳанд. 
— Ифтитоҳи  технопарки мазкур барои ҷавонон хурсандии бузурге гардид, — мегӯяд Дилшод Чориеви 18-сола. — Дар ин ҷо ман барномасозиро меомӯзам, ки барои он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари офаридани веб-сайтҳо, ман бинобар стартапҳо таҳқиқот  мегузаронам. Ҳамин тариқ, мо бозиҳоеро таҳия мекунем, ки барои баланд бардоштани шавқ ва дониши корбарон хидмат мекунанд. Дар оянда ният дорам, ки мутахассиси варзидаи ин соҳа шавам.  
Пас аз маросими ифтитоҳ, иштирокчиёни чорабинӣ бо шароити дар технопарк муҳайёгардида шинос шуданд. Бо ҷавонони фаъоли Оҳангарон суҳбат баргузор гардид. 
 
Абдулазиз МУСОЕВ,  
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: