Дар оянда ҳамаи соҳаҳо дар ҳамоҳангӣ бо тамоюлҳои экологӣ инкишоф меёбанд

  • Дар оянда ҳамаи соҳаҳо дар ҳамоҳангӣ бо тамоюлҳои экологӣ инкишоф меёбанд

Президент Шавкат Мирзиёев 21 октябр аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағирёбии иқлим – Green University дидан кард.

То ба наздикӣ дар Ӯзбекистон ягон муассисаи таълимии тахассусии экология вуҷуд надошт. Донишкадаи нав, ки тибқи қарори Сарвари давлат аз 31 майи соли 2023 таъсис ёфтааст, самтҳои муосири экологиро фаро мегирад.

Дар доираи Стратегияи «Ўзбекистон-2030» дар кишвари мо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ тадбирҳо андешида мешаванд. Ин 17 ҳадафи некуаҳволиро дар чунин соҳаҳо, аз қабили тағирёбии иқлим, оби тоза ва энергия, тандурустӣ, маориф, истеъмол ва истеҳсолот фаро мегирад, ки ноил шудан ба онҳо бештар аз мавҷудияти коргарони соҳибихтисос вобаста аст. Аз ин рӯ, дар донишгоҳ барномаҳои бакалаврӣ ва магистратура дар самтҳои «Муҳити зист ва идоракунии устувор», «Муҳити зист ва иқтисод», «Экология ва идоракунии давлатӣ», «Рушди устувор», «Молияи устувор», «Ҳуқуқи экологӣ» ва «Муоширати оммавӣ дар соҳаи муҳити зист» кушода шудаанд.

Бинои таълимӣ, ки барои 450 хонанда пешбинӣ шудааст, аз нав таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Омӯзиш бо забони англисӣ сурат мегирад, ки барои он омӯзгорон аз ИМА, Британияи Кабир, Мексика ва Фаронса ҷалб карда шудаанд.

Президент бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот анҷом дод.

– Имрӯз экология мисли технологияҳои рақамӣ муҳим шуда истодааст. Дар оянда ҳамаи соҳаҳо бояд бо муҳити зист мутаносиб инкишоф ёбанд. Аз ин рӯ, мо соҳаҳое, аз қабили иқтисодиёти экологӣ, молия ва ҳуқуқро кушодем. Бояд таълими дуалиро вусъат дода, донишҳои гирифтаи худро дар маҳалҳо зуд ҷорӣ кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент супориш дод, ки барои тайёр кардани мутахассисони звенои миёна оид ба экология дар Қароқалпоқистон ва ҳар як вилояти кишвар техникумҳо ташкил карда шаванд.

Донишгоҳ аллакай бо донишгоҳҳои хориҷӣ табодули таҷрибаи академӣ ва касбӣ ба роҳ монда, аз рӯи принсипи ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот барномаҳои муштараки таълимӣ таҳия кардааст.

Лабораторияи муосири донишгоҳ дар ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ ва такмили таҷрибаи онҳо нақши муҳим мебозад. Дар лаборатория оид ба хок, об, гуногунии биологӣ ва партовҳо тадқиқот гузаронда мешаванд, ки ба натиҷаҳои муҳими илмӣ оварда мерасонад.

Сарвари давлат лабораторияро низ аз назар гузаронд.

– Дар ин ҷо иқтидори илмӣ ва таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Бояд аз онҳо самаранок истифода бурд. Масалан, дар асоси шартнома барои ноҳияҳое, ки шароити хоку обашон душвор аст, таҳлилҳо гузарондан мумкин аст. Ин ба ҳар ду тараф ҳам манфиат меоварад, – гуфт Президент.

Донишгоҳ ба тадқиқоти байнисоҳавӣ, усулҳои инноватсионии таълим ва ҳамгироии тадқиқот ва амалияи илмӣ диққати махсус медиҳад. Раванди таълим аз рӯи тамоюли "Hub and Spoke" офарида шудааст, ки ба эҷоди системаи ягонаи таълим, оптимизатсияи захираҳо ва афзоиши ҳаракати донишҷӯён ва мутахассисон мусоидат мекунад.

Барои рушди минбаъдаи донишгоҳ таҷдиди биноҳои коллеҷҳои пештараи ноҳияи Юнусободи Тошканд ва ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд бо ба кампусҳои мукаммал табдил додани онҳо ба нақша гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: