ДАР ОЗАРБОЙҶОН КИТОБ ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН ЧОП ШУД

Дар Озарбойҷон китобе таҳти унвони «Ҷаннати байни ду дарё» дар бораи Ӯзбекистон ба забони озарӣ нашр гардид.

Муаллифи китоб журналисти Оҷонсии иттилоотии Озарбойҷон – «Ҳафта ичи» В. Тагибейли мебошад, ки моҳи августи соли 2018 бо ҳамкори худ, хабарнигори нашрияи «The First News» П. Султонов иштирокдори медиасаёҳат дар саросари кишвари мо буд. 
Дар китоб муаллиф хонандагонро бо таърих ва пешрафти кунунии Ӯзбекистон, имкониятҳои иқтисодӣ ва сайёҳӣ, маданият ва мероси мардуми он ошно мекунад. 
Муаллиф дар асараш ба сифати роҳбалад шаҳру ноҳияҳо, иқлиму табиати мамлакат, ҷойҳои диданӣ ва мардуми онро тавсиф менамояд. 
Дар китоб мероси ғановатманди таърихӣ, маданӣ ва маънавӣ, ки осори гузаштагони бузурги халқи ӯзбек ба шумор мераванд, инъикоси худро ёфтаанд, ёдгориҳои меъморӣ ва зиёратгоҳҳои вобаста ба дини ислом тасвир мешаванд.
Муаллиф хонандагонро ҳамчунин бо тамаддун ва анъанаҳои бостониву нодири мардуми Ӯзбекистон ошно мекунад. Вай онҳоро ба устохонаҳои ҳунармандон, ки бинобар анъанаҳои чандинасрина асарҳои зебои санъати миллиро меофаранд, раҳнамоӣ мекунад. Дар байни онҳо маснуоти зардӯзӣ, кулолӣ, сӯзаниҳо, сару либосҳои миллӣ ва намунаҳои дигари эҷодиёти халқӣ мавҷуданд. 
Воқеънигори озарбойҷонӣ ба урфу одатҳо таваққуф намуда, дар бораи таомҳои миллии ӯзбек, ки бо таъм ва гуногунрангии худ тафриқа доранд, мутаҳаййирона сухан мегӯяд. Вай меҳмоннавозӣ ва кушодадилии мардуми Ӯзбекистонро таъкид менамояд. 
Китоб дар доираҳои ҷамъиятиву фарҳангии Озарбойҷон хуш қабул гардид.
Чунончи, доктори  илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи «Робитаҳои адабии озарбойҷониву туркманиву ӯзбекистонӣ»-и Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Низомии Ганҷавии Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон Алмаз Улви Биннатова менависад, ки китобхон он эҳтирому ҳайратеро, ки муаллиф дар кишвари мо аз сар гузаронидааст, зуд эҳсос мекунад. Бинобар ақидаи ӯ ин табиист, зеро кишвар ва халқҳои мо қаробати таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ доранд.
– Китоби «Ҷаннати байни ду дарё»-и Вусал Тагибейлиро метавон ба сифати хотираҳои сайёҳ қабул кард, зеро муаллиф дар он таассуроташро аз буду бошаш дар Ӯзбекистони афсонавӣ бо хонанда ба ҳам мебинад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки ҳангоми иншои ин асар журналист аз адабиётҳои иловагӣ, ки дар онҳо имкониятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маданиву таърихии минтақаҳои мухталифи Ӯзбекистон сабт шудаанд, истифода бурдааст. Ин ҷиҳат китобро аз нуқтаи назари мазмун хеле ғанӣ гардонидааст. Мехостам бо эътимод изҳор намоям, ки асари  мазкур барои ҳамватанони ман, ки орзуи шиносоии бештар бо Ӯзбекистони бародар доранд, китоби муфид ва даркорӣ аст, – мегӯяд ӯ.
Муовини раиси Бунёди эҷодиёти Озарбойҷон, директори иҷрогари Ҷамъияти дӯстии «Озарбойҷон – Ӯзбекистон» Зенфира Қодирова изҳор дошт, ки вай 19 сол дар мамлакати мо зистааст ва онро Ватани дуюми худ мешуморад. 
– Саҳифаҳои китобро мутоила карда, ман ҳамроҳи муаллиф дар кӯчаҳову хиёбонҳои фароху зебои Тошканди нозанин қадам задам. Зеро дар асар номҳои барои ман азизу қарин, аз ҷумла, Чорсӯ, Бешёғоч, Ӯрда ва бисёр дигар зикр шудаанд. Самарқанди муҳташам, кӯчаҳо ва мардуми он низ муфассал қайд мешаванд. Ман бо муаллиф дар он гуфтааш ҳамақида мебошам, ки ҳар каси ба ин шаҳр як бор сафаркарда мехоҳад боз такрор-такрор аз шукӯҳу азамати он баҳравар гардад. Ман худ чандин бор ба Самарқанд рафтаам, он қалби маро забт кардааст, замоне ман низ дар бораи ин шаҳр гузорише барои  радио омода карда будам. 
Ман ин китобро мехостам шиносномаи Ӯзбекистон унвон диҳам. Фикр мекунам, то имрӯз дар Озарбойҷон китобе, ки дар он ин қадар санадҳои дақиқ, маълумотҳои ҷуғрофиву таърихӣ дар бораи Ӯзбекистон навишта шуда бошад, вуҷуд  надошт,  – мегӯяд вай.
Мувофиқи маълумоти сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Боку, муаррифии китоби В. Тагибейлӣ рӯзҳои наздик дар доираи ҷамъомади ҳарсолаи роҳбарият ва аъзои Ҷамъияти дӯстии «Озарбойҷон – Ӯзбекистон» баргузор мегардад. 

АИ «Дунё»,
шаҳри БОКУ.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: