ДАР ОЗМУНИ "КИТОБХОНИ ҶАВОН" ЧИҲО ТАҒЙИР ЁФТ?

Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон», ки аз соли 2017 ин ҷониб ба таври анъанавӣ баргузор мегардад, барои китобхонҳои ҷавон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, сол то сол маҳбубияти бештар пайдо мекунад.

Дар ин озмун, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҷавонону наврасон доир мегардад, то ҳол қариб 4,5 миллион нафар ҷавонон иштирок карда, аз онҳо 20 нафар соҳиби «Тӯҳфаи Президент» – автомобилҳои сабукрав гардиданд. – Мувофиқи Низом «Дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани озмуни «Китобхони ҷавон» ин озмун дар панҷ давр – маҳалла, сектор, ноҳия, минтақа ва ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, – гуфт сармутахассиси шуъбаи баланд бардоштани маънавият ва ташкили бомазмуни вақти холии ҷавонони Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон Қандил Бобоқулов. – Дар озмун онҳое, ки тавассути боти телеграмми @yosh-kitobxon_bot сабти ном шудаанд, дар се тоифаи синнусолӣ – 10-14-сола, 15-19 ва аз 20 то 30 иштирок мекунанд. Инак, аз 30 октябр дар гӯшаву канори мамлакат даври аввалини озмун дар маҳаллаҳо оғоз гардид ва ҳоло идома дорад. Дар ин марҳила ба иштирокдорон аз рӯйи асарҳои илмиву оммавӣ, дурдонаҳои адабиёти ӯзбек ва ҷаҳон, рӯзгор ва осори бузургони илму адаб 25 тест тақдим гардида, аз ҳар тоифаи синнусолӣ як нафарӣ, ҷамъ се нафаре, ки холи бештар ҷамъ кардаанд, ба даври дувум роҳхат мегиранд. Дар даври дуюм низ ғолибон дар асоси санҷишҳо (25-то) муайян гардида, сенафарӣ – ҷамъ нӯҳ нафар китобхонҳои пешсаф ҳуқуқи ширкатро дар марҳилаи сеюм ба даст меоранд.
Мавсуф зикр намуд, ки дар даври сеюм, яъне марҳилаи шаҳриву ноҳиявии озмун китобхонҳо аз рӯйи шарти «Саволу ҷавоби тезкор» рақобат мекунанд. Дар ин шарт иштирокдорон ба 4 саволе, ки дар асоси номгӯи адабиётҳои аз ҷониби Комиссияи коршиносон тавсияшуда омода гардидаанд, дар ду дақиқа бояд ҷавоб диҳанд. Саволҳоро тавассути интихоби билет мегиранд ва барои омодагӣ вақт дода намешавад. Дар ин давр аз ҳар тоифаи синнусолӣ як китобхон, ҷамъ се нафаре, ки аз 100 холи ниҳоӣ, балли бештар ҷамъ кардаанд, ба даври чорум роҳхат мегиранд.
Дар даври чорум – марҳилаи минтақавӣ бошад, се нафаре, ки аз рӯйи ду шарт – «Заковатманди асарҳои бадеӣ» (шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳият, ғоя ва аҳамияти китоб аз адабиёти ӯзбек ва ҷаҳон) ва «Саволу ҷавоби тезкор» (дарёфти ҷавоби 5 савол) холи баландтаринро дар тоифаи синну соли худ ба даст меоранд, ҳуқуқи иштирокро дар даври ниҳоӣ – ҷумҳурӣ соҳиб мешаванд. Даври ниҳоии озмуни «Китобхони ҷавон» дар асоси шартҳои «Заковатманди асарҳои бадеӣ» (шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳият, ғоя ва аҳамияти китоб аз адабиёти ӯзбек ва ҷаҳон), «Саволу ҷавоби тезкор» (дарёфти ҷавоби 5 савол), «Мутафаккир ва адиби бузург»(баёни маълумот дар бораи ҳаёт, фаъолият ва эҷоди мутафаккирон, намояндагони бузурги адабиёти ӯзбек ва ҷаҳон), «Шеърият» (давом додани порчаи шеърӣ ва шарҳи мазмуну моҳияти он) ва «Квест»(ҳалли муаммо ва вазифаҳои мантиқӣ, ки дар асоси адабиёти тавсияшуда таҳия шудаанд) доир мегардад. Ҳар як шарт аз рӯйи 100 хол баҳогузорӣ мешавад.
Қандил Бобоқулов роҷеъ ба дигаргуниҳо дар низоми озмун маълумот дода, таъкид кард, ки пештар шарти панҷуми даври ниҳоӣ «Иншо навиштан» буд ва иштирокдорон дар он яке аз мавзӯъҳоро бо роҳи интихоби билет гирифта, фикри худро дар доираи мавзӯъ ба таври хаттӣ менавиштанд. Акнун китобхонҳо аз рӯйи шарти «Квест» дониши худро санҷида, дар давоми 60 дақиқа ба муаммо ва вазифаҳои мантиқӣ ҷавоб медиҳанд. Илова бар ин, дар асоси пешниҳоду дархости китобхонҳо рӯйхати адабиёти тавсияшаванда дар синни 10-14-сола аз 50 ба 40, дар синни 15-19 аз 60 ба 50, дар синни 20-30 аз 70 ба 50 адад кам гардид. Ҳамзамон, дар тоифаи синну соли 10-14-сола рӯзнома ва маҷаллаҳоро аз рӯйхат бароварданд. – Боз яке аз имкониятҳои мусоид, ки барои ҷавонон фароҳам оварда шуд, гунаи электронии тамоми китобҳое, ки аз ҷониби Комиссияи коршиносон барои озмун тавсия шудаанд, дар иловаи мобилии «Мутолиа» ҷойгир карда шуд, – иброз дошт Қандил Бобоқулов. – Яъне акнун китобхонҳо метавонанд аз ин илова китоби дилхоҳи худро дастрас намуда, хонанд. Бояд гуфт, ки тӯли солҳои 2021-2022 ба ғолибони озмуни «Китобхони ҷавон» сабукрави «Spark», соли 2023 мошини «Cobalt» тӯҳфа карда шуд. Аз имсол ба ҷоизадорони ҷойи якум ҳамчун «Тӯҳфаи Президент» электромобил супорида мешавад. Ба китобхонҳое, ки ҷойи дувумро мегиранд, 75 миллион, ба соҳибони ҷойи сеюм 50 миллион ва ба ҳар як иштирокдори озмун 10 миллион сӯмӣ мукофоти пулӣ тақдим мегардад.

Фаридун ЙӮЛДОШЕВ, мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: