Дар мактабҳои таълими умумӣ давраи «ҳосилғундорӣ» фаро расид. Зинаи сеюми озмунҳои вилоятӣ аз фанҳои таълимӣ низ анҷом ёфт.
Дар ин зина панҷ нафар хонандагони мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ низ фаъолона иштирок намуданд. Хонандагони синфи ёздаҳум Ёвар Султониён аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, Ҷавоҳир Саидов аз тарбияи ҷисмонӣ, толибаи синфи даҳум Нозанин Ҷӯраева аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Онҳо ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Хонандаи синфи нӯҳум Нафиса Ҷӯраева аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар озмуни вилоятӣ ҷойи дуюмро ишғол кард. Ин комёбӣ, албатта, дар ҳаёти мактаб беназир аст. Толибаҳои мактаб Мафтуна Иброҳимова ва Шукрона Суярқулова аз фанҳои забони ӯзбекӣ (давлатӣ) ва забони англисӣ иштирок намуда, холҳои хубро ба даст оварданд.
Зинаи вилоятии озмун хеле хуб гузашт. Зинаи дуюм, яъне зинаи ноҳиявӣ ба талабҳои барномаи давлатӣ мувофиқ набуд. Хонандагони мактаб аз аксар фанҳо иштирок доштанд. Аммо то ба имрӯз миқдори холи ба даст овардаи онҳо маълум нест. Хонандаҳои синфи нӯҳум Шараф Деҳқонов ва Шаҳбоз Субҳонов аз фанҳои математика ва физика дар озмун иштирок карданд, вале холҳояшон то имрӯз номаълум аст. Ба ин ду нафар эътимоди омӯзгорони фаннӣ ва ҷамоаи мактаб, бахусус, зиёд буд. Вале, мутаассифона, шаффофияти озмуни ноҳиявӣ таъмин нагардид. Бинобар ин хонандагон аз озмун дилшикаста шудаанд. Ин гуна ҳодиса дар озмунҳои фаннии ноҳияи Нурато бори аввал нест. Донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ ҳар сол дар озмунҳои фаннӣ иштирок мекунанд, вале ягон бор аз фанҳои дигар, ғайр аз забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ ҷойи муносиб нагирифтаанд. Пас аз ба донишгоҳ дохил шудан Шореҳ Орзумуродов аз фанни математика сездаҳ медали тиллою нуқраро ба даст овард. Маъмур Ҳусинов дар озмуни байналхалқии Менделеев ҷойи сеюмро гирифт. Соли 2018-ум 19 нафар хатмкардагони мактабҳои тоҷикии рақамҳои 30-юм ва 43-юми ноҳияи Нурато ба донишкадаву донишгоҳҳои Ӯзбекистон дохил шуданд. Имрӯз садҳо нафар хатмкардагони ин мактабҳо дар саросари кишвар ва хориҷи он ба манфиати Ватан ва мардуми кишвар фидокорона кор мекунанд.
Аксари онҳоро хотираи айёми ҷавонӣ азият медиҳад. Чунки ба орзую ҳавасе, ки дар ҷавонӣ доштаанд, ноил нагардидаанд, яъне дар озмунҳо иштирок карда, ғолиб наомадаанд. Сабаби ин яктост. Озмунҳо ба забони модарӣ намегузаранд. Дар Ӯзбекистон таълим ба ҳафт забон аст. Хонандаи тоҷик ёздаҳ сол тоҷикӣ мехонад. Муҳит тоҷикӣ аст. Аҳолии маркази ноҳия ҳам тоҷикзабонанд. Кош хонандагон аз ҳамаи фанҳо ба забони модарӣ дар тестхо иштирок мекарданд. Агар тестҳои дохилшавӣ ба донишкадаю донишгоҳҳо аз ҷониби Маркази тести назди Девони Вазирон ба тоҷикӣ омода мешуданд, нуран аъло нур мебуд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато.