ДАР ПАЙРАВИИ БУЗУРГОН

БА ҶОИ ТАБРИК

Рамазон Абдуллоевро аз овони бачагӣ мешиносам. Ҳар боре ин марди ҳалиму солорро бубинам, пеши назарам солҳои мактабхонӣ падидор мешаванд. Ман аз ӯ як синф боло мехондам.  Таълимгоҳи ҳаштсоларо хатм карда, таҳсилро дар мактаби ба номи Ибни Сино аз синфи нӯҳ идома медодем. Он замон, ростӣ бештари толибилмон ба дониш андӯхтан зиёд эътибор медоданд. Мо асарҳои бадеиро аз устодон, шиносу ошноён ба ғанимат гирифта, онҳоро мутолиа мекардем. Рӯзе, ҳангоми танаффус писараки  кулчарӯе аз ман хоҳиш кард, ки агар ягон китоби хонданӣ дошта бошам, биёрам, онро хонда боз пас бармегардонад. Гуфтам, ки ҳоло китобе надорам, агар пайдо шавад, албатта хоҳам дод. Ҳамин тариқ шиносии мо бо Рамазон ба вуқӯъ пайваст. Пас аз итмоми хониш барои ҷустуҷӯйи бахти хеш дар чорсӯйи зиндагӣ паҳну парешон шудем. Ӯ ба шаҳри Самарқанди бостон рафт, ман Душанбешаҳри ҷавонро интихоб кардам. Гоҳо дидори ёри ошно боло мегирифту аз шиносу дӯстон ӯро пурсон мешудам. Рамазон дар таълимгоҳ хубу аъло мехонд. Ҳалимиву хушодобиаш ба ҳамагон писанд буд. Тавре ки худи ӯ қисса мекунад, ба адабиёт меҳру муҳаббати беандоза дошт. Ин меҳрро дар дили ӯ эҷодкорони ҷавон Шодӣ Карим ва Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ бедор карда будаанд. Рамазон аз сермутолиатарин шогирдони таълимгоҳ ба ҳисоб мерафт. Дар мавриди сухан боре пурсидам, ки чаро вай ба Душанбешаҳр ба таҳсил нарафт. Гуфт, ки падарам розигӣ надоданд ва баъди каме таҳаммул афзуд:
– Бародари бузургам дар ин шаҳр таҳсил мекард, ӯ ба дарде мубтало гашта, ногаҳон  фавтид. Падар ҳамин воқеаи нохушро баҳона пеш оварданд. Соли аввал корам омад накард. Соли дигар боз  ҳуҷҷат супоридам. Хушбахтона, ин дафъа ба мақсад расидам, ба донишгоҳ дохил шудам.
Он замон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд олимону фозилони зиёде ба шогирдон сабақ мегуфтанд. Ботурхон Валихӯҷаев, Раҳим Муқимов, Шавкат Шукуров  барин устодон кору фаъолият  доштанд дар ин даргоҳ. Худро хушбахт меҳисобам, ки аз ин мардони хирад таълим гирифта, роҳи хешро  пайдо кардам. Худро аз ин устодони азиз як умр қарздор меҳисобам. Ҳанӯзам насиҳатҳои падаронаи устоди гиромиам Ботурхон Валихӯҷаев дар гӯшҳоям чун зангӯла садо дода, маро ба роҳи нек ҳидоят мекунанд.
Одам дар чорсӯйи зиндагӣ баъзан ба тасодуфҳои зиёда рӯ ба рӯ мегаштааст. Кас ин ҳодисаҳоро гоҳе дар тарозуйи ақл баркашида, таҳлил карда, аз худ мепурсад, ки чаро чунин шуд. Баъзан сарриштаи ин гиреҳро намеёбад, чӣ хел сараро аз носара ҷудо  карданро намедонад. 
Чунин воқеаҳо дар ҳаёти устоди Донишгоҳи Тирмизшаҳр, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Рамазон Абдуллоев бисёр рух додаанд.
Соли 2001-ум. Сарварии шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба дӯши олими ҳамадон Ботурхон Валихӯҷаев буд. Раиси шӯрои илмӣ ба Рамазон Абдуллоев мегӯяд, ки тибқи қарори шӯро дифои кори илмии шумо ба 12-уми апрел таъин шуд. Бояд онро дар се муассисаи илмӣ ба муҳокима гузошта, хулосаи олимонро ба шӯрои илмӣ расонед.
Он замон ҳамкорон, шиносу дӯстон Рамазон Абдуллоевро табрик мекунанд, ки рӯзро дуруст интихоб кардаед. Зеро ин рӯзи таърихист, рӯзи ба коинот парвоз кардани Юрий Гагарин аст. Иншооллоҳ, чун Гагарин дар осмони илму маърифат парвоз хоҳед кард
– Дар ин байн ногаҳон  модарам сахт бемор шуда ба шифохона бистарӣ шуданд. Ман аз ин ҳодиса бохабар шуда раҳораҳ меандешидам, ки чаро аз ин хусус маро пешакӣ огоҳ накарданд. Дилам ба ҳазор кӯву дар мезад. Андешаҳоям чун абрҳои баҳорӣ паҳну парешон мешуданд. Бо хотири ошуфтаву дили озурда ба сари болини модар расидам. Модар дар бистари беморӣ аз ғояти дард нолиш мекарданд. 
Рамазон  модарро чун кӯдаки хумори шир сахт ба оғӯш мекашад.
– Ҷону ҷигарам, Рамазонҷон, беҳуда овора шудаӣ, аҳволи ман хуб аст. Беморӣ меҳмон. Меояду меравад. Бачем, медонам, ки серкорӣ, олимӣ кори осон не охир. Кенҷа мегӯяд, ки Самарқанд рафтанӣ ҳастӣ, он ҷо кори туро муҳокима мекардаанд. Худо барори кората диҳад бачем. Ғами маро нахӯр, зиқ нашав, аз корат намон. Худо чанд рӯз умр дода бошад, ҳамонро мебинам. Аз ин боис ғам накаш, – гӯён модар даст ба дуо бардошта ба ҷигарбандаш фотеҳа медиҳад. Рамазон чӣ кор кардани хешро намедонист. Дар кӯчаи сарбаста монда буд. Аз андешаҳои чигил худро раҳо кардан мехост. Барояш замин сахту осмон баланд буд, он замон. Ин лаҳза додараш гуфт:
– Акаҷон, шумо дудила нашуда аз пайи кор шавед. Модарам боз ба по мехезанд. Шумо дар паҳлӯяшон набошед, ман ҳастам, набудани шуморо маълум намекунам. 
Рамазон тибқи гуфтаҳои модари ғамхору бародари ба ҷон баробараш роҳи Самарқандро пеш гирифт. Бо хотири парешону дили маҳзун ба назди устодаш Ботурхон Валихӯҷаев омад. Устод баъди ҳолу аҳвол пурсидан, асли воқеаро пурсон шуд. Рамазон буду шуди воқеаи ба сараш омадаро ба устодаш арз намуд.  Устод суханони Рамазонро бо таҳаммул гӯш карда, пасон гуфт:
Зиндагонӣ ба сар афтодааст, 
Бедил чора чист?
Шод бояд зистан,
 ношод бояд зистан.

Воқеае, ки ба сари шумо омадааст, замоне ҳангоми дифои рисолаи докторӣ, ба сари мо низ омада буд. Шумо бояд дилхун нашуда, ҳатман ин кори хайрро ба сомон расонед. 
«Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест» –  гуфтаанд мардуми мо. 
Ҳамин тариқ бо нишондоди устодаш рӯзи ҳимояи рисолаи номзадии ӯро аз 12-ум ба 25-уми апрел иваз карданд. Дар ин сана ӯ ва писараш Беҳзод дида ба дунё кушодаанд, яъне он зодрӯзи падару писар аст. Аҷиб ҳикматҳое дорад, қисмати одамӣ. Тасодуфро бинед, ки дар ин бора на худи ӯ фикр кардаасту на устодаш огоҳӣ дошт. Дар ин муддат ҳодисаи нохуш рух дод, модараш аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат кард. Ҷуз ба қисмат тан додан илоҷе набуд... 
Рӯзи дифоъ низ фаро расид. 
Ҳамин тариқ, Рамазон Абдуллоев таҳти роҳбарии профессор Аҳмад Абдуллоев дар мавзӯи «Маҳорати бадеии Амирушшуаро Муизӣ» рисолаи хешро ҳимоя намуд. Баромадкунандагон ва муқарризон ба рисолаи ӯ баҳои баланд дода, ба корҳои илмии ин олими ҷавон комёбиҳо орзу карданд...
Рамазон Абдуллоев воқеан як марди ба корафтода коромӯз, ба ҳар дилсӯхта меҳрубон аст. Ӯ табиатан марди ҳалим буда, гуфтораш ширину гуворост. Ҳатто аз шогирдони сустхон низ насиҳати падаронаашро дареғ намедорад, мекӯшад, ки дилеро ба даст орад ва шогирдонро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Бинобар ин ҳам ҳамкорон, дӯстон, фарзандон низ пайравиро ба ӯ орзу мекунанд. Хислати хуби дигари Рамазон Абдуллоев зебопарастист. Зебоиро беҳад дӯст медорад ва дигаронро низ ба ин ҳидоят мекунад. Ӯ боре дар яке аз суҳбатҳои хоса гуфта буд:
– Зебоӣ ба дил нишоту сурур мебахшад. Ман хушбахтам, ки ҳамсарам низ дӯстдори зебоист. Назокату орастагиро меписандад...
Рамазон Абдуллоев солҳои зиёдест, ки роҳбарии кафедраи забон ва адабиётро дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз бар дӯш дорад. Вай ба ҳамкорон ва шогирдон ҳамеша маслиҳату  машварат дода, таъкид мекунад, ки аз пайи ҷустуҷӯй бошанд, умрро беҳуда нагузаронанд, худаш низ пайваста дар ин роҳ ҷаҳду ҷадал дорад. Ӯ тӯли ин солҳо беш аз 200 мақолаи илмӣ навиштааст, ки он дар матбуоти кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Солҳои охир дар бораи уламову шуарои Тирмиз тадқиқоти илмӣ мебарад. Соли 2016 асари Ҳаким-ат-Тирмизӣ «Бадв-уш-шаън»-ро аз ҳуруфи форсиву арабӣ баргардонда, нашр кард. Ҳамчунин осори шоир Мунҷики Тирмизиро, ки ҳамасри устод Рӯдакӣ мебошад, ҷамъ овард.
– Соли 2001, вақте ки барои таҷрибаомӯзӣ ба Эрон сафар доштам, аз китобхонаҳои бузурги ин мамлакат осори уламову шуарои Тирмизиро ҷустуҷӯ кардам. Дидам, ки олимони Эрон ва шарқшиносони рус Е. Бертелс, И.Болдирев ва И.Брагинский дар бораи адабиёти классикии мо тадқиқотҳои зиёде бурдаанд, ки лоиқи таҳсину  офаринҳост. Афсус, мо ҳамдиёрони онҳо дар бораи ин нобиғагони илму фан маълумоти кофӣ надорем. Аз як китобхона «Маориф» ном асари Саид Бурҳониддин Тирмизӣ – устоди Мавлоно Румиро пайдо карда, онро аккосӣ намуда, ҳамроҳи хеш ба ватан овардам. Чанд сол қабл аз ин китоби муҳаддиси машҳури олами ислом Абӯисо Тирмизӣ «Шамоили Муҳаммадӣ»-ро аз хати форсӣ ба ҳуруфи имрӯзаи тоҷикӣ баргардонидам. Ният дорам онро дар ягон нашриёт чоп кунам, — иброз намуд ӯ.
Боре дар мавриди суҳбат аз олим пурсидам, ки чаро ба тадқиқоти осори алломаҳои Тирмизӣ даст задед? Ӯ чунин посух дод:
– Дар ин диёр зиндагӣ карда, ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони он беаҳамият будан гуноҳест азим. Вақте ба Эрони  бузург сафар доштам, дар дил ният кардам, ки ба ин кор машғул хоҳам шуд. Хушбахтона, ибтидои кор чандон бад нест... 
Бародари мо Рамазон Абдуллоев имрӯз ба синни мубораки 60 қадам мениҳад. Ӯ баробари корҳои илмиву ҷамъиятӣ дар оила низ падари меҳрубону тарбиятгари хушгуфтор аст. Соҳиби 4 фарзанд — 2 духтару 2 писар ва шаш набера мебошад. Ҳамроҳи ҳамсари меҳрубону зебопарасти хеш Манзурахон онҳоро хуб тарбия мекунанд. Ҳамаи фарзандон дорои маълумоти олӣ буда, соҳиби касбу коранд. Ин ҷо ёдрас карданием, ки Рамазон Абдуллоев иштирокдори ҷанг дар Афғонистон мебошад. Аз он хотираҳои ҳузноваре дорад. Соли дуввум аст, ки вазифаи раиси Маркази тоҷикони вилоятро ба ӯҳда дорад. Фаъолияти Маркази тоҷикони вилоят аз бозе, ки Рамазон Абдуллоев раис аст, ҷоннок гардид. Намояндагони ин миллат дар тадбирҳои миқёси мамлакат ва вилоят фаъолона иштирок карда, дар пешрафти иқтисодиву фарҳангии Ӯзбекистони азиз саҳм мегузоранд.

Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: