ДАР ПАЙРАВИИ ПАДАР

Сафар Тангриқулов дар ноҳия яке аз сохтмончиёни ҷавон ба ҳисоб меравад.

Ӯ дар ин ҷода беш аз шаш сол боз  фаъолият нишон медиҳад.
Сафар аввал дар хоҷагии фермерии «Ибрат» кор мекард. Ин хоҷагиро падари раҳматияш Наҷмиддин Тангриқулов ташкил карда буд. Наҷмиддин Тангриқулов дар ноҳия ва вилоят яке аз муҳандисони бомаҳорати техникаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт. Ин марди накӯном солҳои зиёд дар хоҷагии Дарбанд аз муҳандиси оддӣ то ба сарвари он заҳматҳои бедареғ нишон додааст. То ба ҳанӯз ҳамкорон ва кӯҳансолон дар бораи маҳорати ин марди меҳнатӣ хотираҳои зиёде доранд. 
Пас аз фавти падар Сафар Тангриқулов корҳои хоҷагии фермериро ба дӯши хеш гирифт. Дар тасарруфи  хоҷагии номбурда дар мавзеи Қароғӯт беш аз 70 гектар замини лалмӣ ҷудо карда буданд. Ҳар сол аъзоёни хоҷагӣ дар ин мавзеъ гандум, ҷав, масхад кошта аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоварданд. Ҳамагон огоҳанд, ки шудгор кардани замин дар минтақаи Бойсун чандон кори осон нест. Ин кор низ асрори худро дорад. Ҳар сол дар фасли тирамоҳ дар ин мавзеъ 30-40 гектар заминро ба кишт тайёр мекарданд. Сафар, ки як замон бо падари худ дар якҷоягӣ кор мекард, таҷриба ва асрори корро аз ӯ он замон омӯхта буд. Ёд дорам боре Сафар дар як  сӯҳбаташ дар ин бора нақл кард.
— Замини Қароғӯт аз резасангҳо таркиб ёфтааст. Як қисм ин заминҳо ранги сурх доранд. Раҳматӣ падарам пеш аз кишти тирамоҳӣ тракторҳои шудгоркунандаро хуб таъмир карда, пас онро ба кор омода мекарданд, — сӯҳбатро чунин оғоз бахшид ӯ. — Баъзан ман суол медодам, ки трактор ба кор омода аст, чӣ ҳоҷат ба таъмири он. Ӯ гоҳо бо таҳаммул ва гоҳо шӯридахотир мегуфт:
— Соҳиби техника ҳар сол бояд як бор қисмҳои онро кушода, ҷое, ки носоз аст, таъмир намояд. Қисмҳои алоҳидаро хушсифат равған молад. 
Ва баъзан такрор ба такрор мегуфт, ки агар техникаи кориро саривақт равған накунӣ, он зуд корношоям мегардад. Аз ин хотир шахсе, ки аз паси ин касбу кор нони беминнат хӯрдан мехоҳад, набояд ба холабеғамӣ ва хунукназарӣ роҳ диҳад. Дар акси ҳол дар авҷи кор техника хароб гашта, худи вай ба душвориҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Воқеан, пас аз сари падар Сафар Тангриқулов дар пешравиҳои кори хоҷагии фермерӣ ба душвориҳои зиёде дучор гашт. Вале оҳиста-оҳиста ба гуфтаҳои падар амал карда, муаммоҳои баамаломадаро зуд бартараф мекард. Ҳамин тариқ аъзоёни хоҷагӣ аз заминҳои лалмии даштҳои Қароғӯт ҳар сол ҳосили дилхоҳ ба даст меоварданд. Нақшаҳои давлатиро пурраву барзиёд иҷро мекарданд. Дар мавриде ба Сафар суол додам, чӣ зарурияте пеш омад, ки ӯ ин касбу корро пеша кардааст. Вай гуфт:
— Ба худатон маълум аст, ки дар байни мардуми мо таъбири маъмуле ҳаст: «Кори одам кардаро одам мекунад». Иттифоқо, дар як маъракае менишастем ва чанд нафар байни хеш баҳс мекарданд, ки фалон кас сохтмончии хуб аст, ба вай на ҳар кас баробар хоҳад шуд. Дигаре фикри ҳамсӯҳбати хешро рад карда, мегуфт, ки агар ман ҳам ба мисли ӯ кӯмакрасон медоштам, он марди таърифии ту ба дасти банда об андохта наметавонист. Чӣ мегӯед, ки пас аз ин суҳбат ман ба андеша монда, дар ин бора зуд-зуд фикр мекардагӣ шудам. Дар маркази ноҳия пас аз чанде бо як ошноям, ки дар бонк вазифаи масъулро ба дӯш дошт, вохӯрдам. Ӯ аз кору борам пурсон шуд. Дар бораи фаъолияти кории хоҷагӣ чанде радду бадал кардем. Ҳамин лаҳза ошноям гуфт, ки ту бояд бо кишти ғаллаву даравидани он қаноат накарда, аз бонк кредит гирифта, техникаеро харида, пас аз он фаъолияти хоҷагиатро ҷонноктар намо. Ин маслиҳат ба ман писанд афтод. Чӣ мегӯед, ки таваккал карда аз рӯи ҳидояти ӯ он техникаро бо лизинг харид намудам. Азбаски ба  фаъолияти техникаи кишоварзӣ аз наздик шинос будам, асрори хизматрасонии онро зуд азхуд намудам. Ба бародарҳоям низ тарзи фаъолияти техникаи номбурдаро дар муддати кӯтоҳ омӯзонидам. 
Роҳи Кӯтали Қалъа то қабристони деҳа хеле хароб гашта буд. Чанд нафар онро таъмир мекунем гӯён ваъда медоданду ҳеҷ не, ки ваъдаи онҳо ҷомаи амал пӯшад. Ниҳоят ин муаммо ба гӯши ҳокими ноҳия мерасад. Ҳоким ба деҳа омада сурати ҳолро дида, ба раиси маҳалла  гуфт, ки аз буҷаи маҳаллӣ маблағро мепардозад. Наход дар як деҳаи калон шермарде иҷрои ин корро ба ӯҳда нагирад. Раиси маҳалла маро ба ҳоким муаррифӣ намуд. Ман ба ҳоким гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ чунин кори масъулиятталабро ба дӯш нагирифтаам. Бо як техника аз ӯҳдаи ин кор оё мебаромада бошам? Ҳоким боисрор гуфт: 
— Ман аз рамузи суханроният пай бурдам, ки ту аз ӯҳдаи ин кор мебароӣ. Мо кӯмак мерасонем. Маблағи заруриро ба ҳисобсурати хоҷагиат ирсол мекунем. Аз ҳама муҳимаш, техника дорӣ. Агар лозим ояд аз идораи роҳсозон техникаи заруриро барои кӯмак мефиристем. Чӣ мегӯед, ки баъд аз ин гуфтугӯ ба кор шурӯъ кардам. Хушбахтона, ҳоким аз ӯҳдаи ваъдаи худ баромад. Маблағи заруриро ба ҳисобсурати мо гузаронид. Мо дар як муддати кӯтоҳ ин корро ба анҷом расонидем. Ҳамаи аҳли деҳа аз ин кори мо хурсанд буданд. Баъзеҳо дар ғайби мо мегуфтанд, ки «Сафар воқеан пайрави падараш будааст». Ба ростӣ, дар иҷрои корҳои минбаъдаам ин гуфтаҳои одамон ба ман як шуҷоату қуввае бахшид. Пас аз ин супориш ҳокими ноҳия ба зиммаи Сафар таъмири  сохтмонҳои хурду бузургро супорид. Сохтмончии ҷавон бар он мекӯшид, ки дар бунёди ҳар як маҷмӯаи сохтмон корро хушсифат, бе каму кост анҷом диҳад. 
Соли гузашта ба зиммаи кормандони фирмаи «Дарбанд қурилиш таъмир» бинои маъмурии бунёди хазинаи «Маҳалла»-и ноҳияро супориданд. Сохтмончиён ин биноро дар муддати муайян хушсифат ба истифода доданд. Чанде қабл аз ин фаҳмидам, ки Сафар бо ҳамкоронаш барои фарзандони аҳли деҳаи Хӯҷадияк таъмири бинои мактаберо оғоз карда будааст. Аз рӯи шунидам ҳоло кор дар ин самт дар авҷ аст. Имрӯзҳо ташвишу тараддуди раҳбари сохтмонии фирмаи «Дарбанд қурилиш таъмир» хеле зиёд аст. Ӯ аз маркази ноҳия ба ҷониби деҳаи Хӯҷадияк ҳар рӯз бор мефиристад, корҳоро таҳти назорат мегирад. 
Чанд рӯз қабл аз ин дар маркази ноҳия Сафар Тангриқулов ба  КамАЗ масолеҳи сохтмонро бор карда, ба ронанда таъкид мекард, ки роҳ хеле вазнин аст. Ронанда суханони ӯро тасдиқкунон ба ҷониби Хӯҷадияк мошинро ба роҳ омода намуд. 
— Илоҳо сиҳату саломат бор ба манзил расад, — мо ҳар ду дуо кардем. 
— Худо хоҳад дуои шумо мустаҷоб мегардад. Мо аз он хурсандем, ки шумо ҳамеша хайрхоҳи моед, — гуфт Сафар. 
Ҳарду бо чеҳраи кушод вохӯрдем. Аз фурсат истифода бурда, аз кору бораш  пурсон шудам.  Ӯ қаноатмандона афзуд:
— Шумо аз мо бештар аз вазъи сиёсӣ огоҳӣ доред. Президент Шавкат Мирзиёев барои ҳамагон ва махсусан, барои мо, ҷавонон, тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Ба шахсоне, ки бо  бунёдкорӣ, тиҷорат шуғл варзидан мехоҳанд, дар бонкҳо кредитҳои имтиёзнок дода мешавад. Ҷавонон бояд ҷавобан ба ин имконияту ғамхориҳо сидқидилона кор кунанд, дар ободиву тараққиёти иқтисодӣ ҳиссаи хешро гузоранд. 
Воқеан сохтмончии ҷавон, раҳбари фирмаи «Дарбанд қурилиш таъмир» Сафар Тангриқулов дар ин бобат хеле бамаврид ёдрас мекунад: Соли гузашта бо ташаббуси ӯ беш аз 1 километр роҳи деҳаи Сангчил, қабристони деҳаи Дарбанд таъмир гашта, онро асфалтпӯш намуданд. Дар охири соли хониш роҳбари фирмаи номбурда ба китобхонаи таълимгоҳи рақами 10-уми деҳа беш аз 50 нусха китоби бадеиро тӯҳфа намуд.
Дар урфият мегӯянд: «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз, ки моли падар харҷ кунӣ ба ду рӯз». 

Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: