Зимни корҳои ҳафриётӣ – пажӯҳишӣ дар ҳудуди ёдгории таърихие, ки дар деҳаи Чинори кӯҳнаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, кӯшки суғдӣ кашф гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Кӯшки суғдӣ аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Муҳсин Бобомуллоев зимни гузаронидани корҳои ҳафриётӣ-пажӯҳишӣ дар ҳудуди ёдгории таърихӣ кашф гардид.
Маълум гардид, ки ин кӯшк аз ду қабат иборат аст. Ошёнаи якум аз похса ва ошёнаи дуввум аз хишти хоми маъмулии ҳамон давра ба андозаи 50 ба 25 ва 10 сохта шудаанд. Замони таърихи ёдгорӣ ба асрҳои VI-VIII мансуб буда, он дар натиҷаи ҳуҷуми аҷнабиён сӯзонида, хароб гаштааст. Далели ин гуфтаҳо боқӣ мондани осори хокистар ва лахчаҳо дар деворҳои долони ёдгорӣ мебошад.
Инчунин аз ҳудуди ин ёдгорӣ бозёфтҳои филизии гуногун, ба мисли сиккаҳои мисӣ, нуқрагӣ, ангуштарҳо ва ҷузъҳои ороишии либос пайдо гардиданд, ки далели қадимӣ будани ин мавзеъ мебошанд. Мавҷуд будани ин гуна кӯшкҳо дар Панҷакент ва Маймурғ дар сарчашмаҳои таърихӣ низ омадааст.