ДАР ПАНҶСОЛАИ ОЯНДА 1 МИЛЛИАРД НИҲОЛ ШИНОНДА МЕШАВАД

Имрӯзҳо мушкилоти экологӣ ба муаммои ҷаҳонӣ табдил ёфта, авҷ гирифтани онҳо ба ҳаёти рӯйи замин таҳдид мекунад.

Хушк шудани Арал ва мушкилоти бар асари оқибатҳои он бамиёномада ба саломатии аҳолӣ таъсир расонданд. 
Аз ин рӯ, дар мамлакати мо барои муҳофизати муҳити зист, ҳифзи саломатии аҳолӣ, оқилона истифода бурдан аз сарватҳои табиӣ ва пешгирӣ намудани муаммоҳои экологӣ корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешавад. 
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 2 феврал таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба вазифаҳои кунунии беҳбуди сохтори идоракунии партовҳо ва вазъи экологӣ, ба амал баровардани лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” гузаронида шуд, ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар назди масъулон вазифаҳои муайян гузошта шуд. 
Қайд карда шуд, ки ин гуна мушкилотро танҳо бо роҳи маъмурӣ ҳал карда намешавад, балки дар қалби насли наврас тарбия намудани ҳисси дахлдорӣ ба модар - табиат ба даст овардан мумкин аст. Пас, ҳар яки мо ҳангоми дидани касе, ки дар кӯчаю маҳаллаҳо партов мепартояд, набояд бепарво бошем.
Тибқи таҳлилҳо ҳаҷми партовҳои дурушт тақрибан дар ҳама кишварҳо дар як сол ба ҳар сари аҳолӣ 1 фоиз меафзояд. Ба туфайли пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ин рақам ба 7 миллион тонна мерасад, ки соле 2 фоиз меафзояд. Вале вазъияти ба навъҳо ҷудо кардан, кор карда баромадан ва нобуд кардани онҳо қаноатбахш нест. 
Аз ҷумла, дар Қароқалпоқистон ҳамагӣ 10 фоиз ва дар Фарғона ва Қашқадарё 20 фоиз партовҳо коркард мешавад. Масъалаи кашондани партов дар 781 маҳалла ҳал нашудааст. Қарзи дебитории аҳолӣ барои хидматрасонӣ дар ин соҳа низ зиёд шудааст. Муассисаҳои тиббию таълимӣ ва бозорҳо ба 19 ҳазор тонна зарфҳои партов ниёз доранд. Бинобар ин, ба ин муаммо бояд муносибати ҷиддӣ зоҳир кард.
Ба ҳама маълум аст, ки моҳи ноябри соли 2021 лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” эълон шуда, шинондани 200 миллион бех ниҳоли дарахт ба нақша гирифта шуда буд. Мувофиқи он дар моҳи тирамоҳ 85 миллион дона ниҳол шинонда шуд. Дар ин кори хайр бисёр ташкилотҳо, маҳаллаҳо ва аҳли ҷомеа фаъолияти калон нишон доданд. Баҳори соли ҷорӣ шинондани 125 миллион дона ниҳоли дарахт пешбинӣ шудааст. Зеро лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” чорабинии яксола нест. Дар доираи он, дар панҷсолаи оянда шинондани 1 миллиард ниҳоли дарахт мақсад карда шудааст. Ба ин муносибат аз 1 марти соли ҷорӣ чорабинии умумимиллии “Соли сабз” оғоз гардида, интихоби ниҳолҳои ба иқлими ҳар як минтақа мутобиқшуда, камоб ва васеъ намудани ниҳолхонаҳо барои парвариши онҳо оғоз мегардад.Бесабаб нест, ки шинондани ниҳолҳои дарахтон босуръат давом дорад. Зеро, дарахтон гази зарарноки карбонатро аз ҳаво ба худ гирифта, ба ҷои он кислород кор карда мебароранд ва ба мо барои нафасгирӣ кумак мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, минтақаҳои сабз ба инсоният таъсири мусбат мерасонанд.
Халқи мо табиатро ҳамеша муқаддас медонист. Аммо ба назар чунин мерасад, ки имрӯз аз чӣ сабаб бошад, ки ин одатҳои нек аз байн рафта истодаанд. Аз ин нуқтаи назар мо бояд барои бомуваффақият иҷро намудани вазифаҳои дар наздамон истода тамоми донишу маҳорати худро ба кор бурда, барои ободии Ватанамон зиндагӣ кунем. Зеро, дар куҷое покӣ ҳаст, файзу баракот ҳам мешавад.

Равшанбек БЕГМАТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: