Дар Париж рафти омодагӣ ба сессияи ҷашнии Конфронси генералии ЮНЕСКО дар моҳи ноябри соли 2025 дар Самарқанд баррасӣ шуд

Дар пойтахти Фаронса мулоқоти раиси Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Гаяне Умерова ва Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азуле баргузор гардид.

Бинобар хабари канали телеграми Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон, ҷонибҳо ҷанбаҳои амалии тайёрии маҷмӯгӣ ба сессияи ҷашнии Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанд баргузор гардида, тӯли чил соли охири бори аввал берун аз ҳудуди қароргоҳ дар Париж гузаронда мешавад, баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Дар мулоқот ба иҷрои корҳои омодагӣ ва тадбирҳои муштарак ҷиҳати таъмини баргузории ин чорабинии таърихии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон дар сатҳи олии ташкилӣ ва моддӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Самарқандда бўлиб ўтадиган Бош конференцияда ЮНЕСКО мандати доирасида янги глобал ташаббуслар, икки томонлама ҳамкорликни ривожлантиришга ​​доир стратегик лойиҳа ва дастурларни тайёрлаш ва қабул қилиш юзасидан келишувларга эришилди.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор шуда, саъй ба таҳкими минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи ЮНЕСКО ва Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.

Дар бораи тайёрӣ ва қабули ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ дар доираи мандати ЮНЕСКО, инчунин лоиҳа ва барномаҳои стратегӣ оид ба рушди ҳамкории дуҷониба дар рафти Конференсияи генералии дар пешистода созишҳо ба даст оварда шуданд.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор шуда, саъй ба таҳкими минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи ЮНЕСКО ва Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: